Одоби касбии хизматчии давлатї Њ.НУРИДДИНОВ Номзади илмњои таърих, дотсент Маќсади дарс: шиносидани шунавандагон бо талаботњои ахлоќї ва бо мундариљаю.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Advertisements

Одоби касбии хизматчии давлатї Њ.НУРИДДИНОВ Номзади илмњои таърих, дотсент Маќсади дарс: шиносидани шунавандагон бо талаботњои ахлоќї ва бо мундариљаю.
ЎЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИ ОЛИЙ ВА ЎРТА МАХСУС ТАЪЛИМ ВАЗИРЛИГИ ГУЛИСТОН ДАВЛАТ УНИВЕРСИТЕТИ ЖИСМОНИЙ ТАРБИЯ ВА ЖИСМОНИЙ МАДАНИЯТ КАФЕДРАСИ Мўминов Ихтиёр.
Транксрипт:

Одоби касбии хизматчии давлатї Њ.НУРИДДИНОВ Номзади илмњои таърих, дотсент Маќсади дарс: шиносидани шунавандагон бо талаботњои ахлоќї ва бо мундариљаю мазмуни Кодекси одоби хизматчии давлатї. « Яке аз масъалањои муњимтарини рўз танзими муносибатњои вобаста ба хизмати давлатї мебошад. Хизматчиёни давлатї нерўи пешбарандаю тањкимбахши давлату давлатдорї мебошанд. Аз ин рў,онњо бояд намунаи интизоми олию мењнати фидокорона ва содиќона бошанд» Э.Ш. Рањмонов.

Дигаргунињое,ки зарурияти баланд бардоштани маънавиёти хизматчиёни давлатиро таќозо менамоянд: тамоили љањонишавї ва бо суръати баланд таѓйирёбии дастовардњои илмї ва технологияњои истењсолї њадаф ва арзишњои љомеаи имрўзаи Тољикистон тањким бахшидан ба раванди сохтмони љамъияти демократї ва њуќуќбунёд боло бурдани сатњи иќтисодї, фарњангї ва иљтимоии мамлакат; салоњиятнокї ва масъулияти баланди хизматчиёни давлатї дар идоракунии давлатї; њифзи манфиатњои миллї ва бехатарии давлат; мустањкам намудани дастгоњ ва маќомоти давлатї; ба инобат гирифтани сабаќњои таърихї.

Одоби муоширати кории хизматчии давлатї Одоби муоширати корї – ќисми таркибии фарњанги маънавии инсон ва љомеа буда, он аз маљмуї ќоидањои муносибати байни одамон таркиб меёбад ва раванди муоширати кории онњоро ба танзим медарорад.

Ўњдадорињои асосии хизматчии давлатї Мувофики Моддаи 28 ќонуни Љумњурии Тољикистон хизматчии давлатї ўњдадор аст: -Конститутсия, ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро риоя намояд; -њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, инчунин њуќуќ ва манфиатњои шахсони њуќуќиро риоя, њифз ва эњтиром намояд; -мурољиати шањрвандонро тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї баррасї намуда, аз рўи онњо чорањои дахлдор андешад; -интизоми давлатї ва хизматиро риоя намояд; -меъёрњои одоби хизматиро дастури фаъолияти худ ќарор дињад; -фармон ва амрњои роњбарон, ќарор ва дастури маќомоти болої ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онњо дода шудаанд, иљро намояд; -сирри давлатї ва сирри дигари бо ќонунњо њифзшавандаро, аз љумла баъди ќатъи хизмати давлатї, дар давоми мўњлати муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќї нигоњ дорад;

Ўњдадорињои асосии хизматчии давлатї -њангоми иљрои ўњдадорињои мансабї маълумотро дар бораи њаёти шахсї, шаъну шарафи шањрвандон махфї нигоњ дорад, аз онњо пешнињод намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридњои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон); -њифзи моликияти давлатиро таъмин намояд; -дар мавриде, ки манфиатњои шахсии хизматчии давлатї аз доираи ваколатњои ў мебароянд ё бо он мухолифат мекунанд, фавран ба шахси мансабдоре, ки ўро њуќуќи таъин ва озод кардан дорад, хабар дињад; -сатњи касбї ва тахассусии худро барои иљрои самараноки ўњдадорињои мансабї баланд бардорад; -мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур савганд ёд кунад.

Ўњдадорињои асосии хизматчии давлатї 2.Ўњдадорињои мушаххаси хизматчии давлатї, ки аз ўњдадорињои асосї бармеоянд, тибќи талаботи тахассусї муайян карда шуда, дар дастурамалњои мансабие, ки аз тарафи роњбарони маќомоти давлатии дахлдор тасдиќ карда мешаванд, инъикос мегарданд. 3.Ўњдадорињои хизматчиёни давлатии сиёсї бо дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон низ муќаррар карда мешаванд.

ВАЗИФАЊОИ КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТЇ Кодекси одоби хизматчии давлати њамчун њуљљати меъёрї – њуќуќии фаъолияти касбии кормандони маќомоти давлатї бояд вазифањои зеринро иљро намояд: Меъёрњои ахлоќї ва одоби касбии хизматчиёни давлатиро танзим ва мустањкам намояд; Ќонунвайронкунї ва њар гуна зуњуроти номатлубро дар фаъолияти касбии хизматчиёни давлатї пешгирї кунад; Ба самарабахшии хизмати давлатї мусоидат намояд; Боварии шањрвандонро ба маќомоти њокимияти давлатї баланд бардорад; Фаъолияти ѓайрихизматии хизматчиёни давлатиро танзим намояд; Масъулияти хизматчиёни давлатиро дар фаъолияти касбиашон зиёд намояд.

Кодекси одоби хизматчии давлатї I Ќоидањои асосї - Хизматчии давлатї бояд фаъолияти худро дар асоси нишондодњои Конститутсия (сарќонуни)-и Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон « Дар бораи хизмати давлатї», нишондодњои кодекси зикрёфта, дигар санадњои меъёрию њуќуќї ва ќоидањои одоби корї ба роњ монанд. Хизматчии давлатї бояд ба татбиќи њуќуќ ва озодии инсон, ки дар Љумњурии Тољикистон арзиши олї эътироф гардидааст мусоидат намояд. - Хизматчии давлатї таљассумгари обрўю эътибори маќомоти давлатї буда, ў бояд аз њама њолатњое, ки шаъну эътибори маќомоти давлатиро паст мезананд, канораљўи кунад. Он набояд ба хотири манфиатњои шахсї ва гурўњї ба касби ифтихорманди худ иснод орад. - Ваќте,ки хизматчии давлатиро беасос ба поймолкунии ќонун ва суиистифода аз мансаб айбдор менамоянд ў набояд беэътиної намояд ва шарафи худро њифз намояд.

II Ќоидањои рафтори хизматчии давлатї њангоми адои хизмати давлатї ва амалї намудани фаъолияти касбї - Хизматчии давлатї бояд ба таври доимї ба баланд бардоштани савияи дониш ва такмили тахассуси касбии худ кўшиш намояд. - Забони давлатиро донад ва ба он озодонаю адабї сухан ронад. - Хангоми адои вазифањои хизматї ва берун аз он дар муошират, хушмуомила ва боэътино бошад. -Аз гирифтани музди муќаррарнагардида, тўњфа, хизматрасонињо барои иљрои ўњдадорињояш худдорї намояд.

- Њангоми баррасии мурољиати шањрвандон ба расмиятчигї ва кашолкорї роњ надињад. -Хизматчии давлатї бояд сирри давлатї ва дигар иттилооте,ки њангоми иљрои вазифањои хизматиаш дастрас намудааст њамеша њифз намояд ва набояд онњоро ва маќсадњои ѓаразнок истифода барад. - Дар адои хизмат беѓаразона рафтор намояд. - Мансабдори давлатї њангоми интихоб ва љобаљогузории кадрњо аз нигоњи мањалгарої ва садоќати шахсї рафтор накунад.

III Фаъолияти ѓайрихизматии хизматчии давлатї - Ба урфу анъанањои миллатњои Љумњурии Тољикистон бо эњтиромона муносибат намуда, ба дўстии байни аќаллиятњои миллии сокини мамлакат мусоидат намояд. - Аз њамагуна шаклњои манфиатљўии шахсї дар канор бошад. - Набояд бо истифода аз мавќеи хизматї дар ањдњо ва муноќишањо, ки ба маќоми хизматї ва ўњдадорињои ў мувофиќат намекунанд, иштирок кунад. -Хизматчии давлатї бояд аз амалњои зишту бадномсозанда худдорї намуда, мувофиќи меъёрњои ахлоќ ва одоби хизматї амал намояд.

IV Масъулияти хизматчии давлатї барои вайрон намудани талаботи њамин кодекс. Њангоми вайрон намудани талаботи кодекс,он дар тафсифномаи хизматчии давлатї сабт гашта, њангоми аттестатсия ва ба вазифаи дигар гузаронидани ў ба эътибор гирифта мешавад. Барои содир намудани кирдорњои интизомї,маъмурї ва љиноятї хизматчии давлатї мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешавад.