ЊУЌУЌИ ИНСОН Мафњум ва роњњои муайян кардани баробарї. Бетабъизї.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Advertisements

Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
ДОНИШКАДАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Њамкории маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва институтњои љомеаи шањрвандї Мураттиб:
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мафњум ва роњњои муайян кардани баробарї. Бетабъизї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 3. Мазмун ва моњияти њуќуќу озодињои инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 18 Мафњум ва моњияти њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии инсон.
Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 31. Њимояи њуќуќи ашхоси мутааллиќ ба аќаллият.
Мавз ӯ и 6. Мафњуми њуќуќњои шахсї. Њуќуќ ба њаёт.
Мављудияти меъёрњои зиёди њуќуќї оид ба њуќуќи инсон дар санадњои меъёрї-њуќуќии байналхалќї ва ќонунгузории миллї, ба таври дахлдор њимоя шудани њуќуќ.
Мавз ӯ и 1. Мафњуми мавзўи њуќуќи инсон ва илми њуќуќи инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.
Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.
Мавз ӯ и 35. Њуќуќи зан. Њолати њуќуќии зан. Дар њамагуна љамъият ашхосе мављуданд, ки бинобар сабабњои гуногун имконияти њимоя намудани манфиатњои худро.
Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
Мавзӯи 32. Мафњум ва мазмуни њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї. ЊУЌУЌИ ИНСОН.
Мавз ӯ и 28. Кафолатњои њуќуќи инсон ва шањрванд: мафњум ва таснифот.
Мавзӯи 25. Њуќуќ ба њифзи саломатї ва ёрии тиббї.
Транксрипт:

ЊУЌУЌИ ИНСОН Мафњум ва роњњои муайян кардани баробарї. Бетабъизї

М АЊФУМЊОИ АСОСЇ Яке аз њуќуќњои муњими инсон њуќуќ ба баробарї мебошад. Ин њуќуќ аз љониби ў дар муборизаи њарирона ва дарозмуддат ба даст оварда шудааст. Он, ба монанди, озодї парчами тамоми инќилобњои иљтимоии асрњои XVIII-XX буда, яке аз талаботњои асосии њаракатњои демократии муосир боќї мондааст. Новобаста аз ин, њатто дар демократитарин давлатњои дунё њуќуќ ба озодии инсон дар њаљми пурра амалї нашудаанд. Сабабњои он зиёданд ва яке аз асосии он ба њаќиќати воќеї мутобиќ набудани интизории одамон мебошад.

М АЊФУМЊОИ АСОСЇ Ќазияи баробарї, ки хусусияти њаматарафа (универсалї)-и умумї дорад, унсури њуќуќии душвори илми њуќуќи инсон ба шумор меравад. Он ба сифати на танњо ѓояи умумињуќуќии ба меъёрдароии муносибатњои љамъиятї, балки њамчун категорияи инструменталию амалї, њамчун меъёри конститутсионалии бањодињии танзими ќонунгузории њамаи њуќуќу озодї дар алоњидагї ва баробари он, тамоми низоми њуќуќ ва озодии шахсият, баромад менамояд. Ин аллакай аз он бар меояд, ки баробарї ба сифати унсури људонашавандаи њолати конститутсионалї- њуќуќии инсон ќарор дошта, дар њамаи њуќуќ ва озодии инсон мављуд мебошад.

Т АБЪИЗ ЧИСТ Њамин тариќ, яке аз талаботњои асосии давлатњои демократии муосир њуќуќ ба баробарї мебошад. Он њамчун асоси муњими њамаи љомеањои демократї, ки ба сўи адолати иљтимої ва эњтироми њуќуќњои инсон кўшиш мекунанд, ба шумор меравад. Онро њамчун озодї аз табъиз бо аломатњои љинс, нажод, ранги пўст, забон, дин, эътиќоди сиёсї ва ё дигар эътиќод, баромади миллї ё иљтимої, вазъи молумулкию табаќавї ё дигар вазъ, тавлид ё дигар њолат баррасї кардан мумкин аст. Њамин тариќ, падидае, ки баробариро инкор мекунад, табъиз ном дорад. Зери ифодаи «табъиз» бояд «њама гуна тафриќагузорї, истиснонамої, мањдудият ва ё пешкаши имтиёз, ки ба аломатњои нажод, ранги пуст, забон, дин, асли миллї ва ё иљтимої, таваллуд ва ё њолатњои дигар асос ёфта маќсади паст намудани сатњи эътироф, истифода ва ё амалисозии њуќуќ ва озодињо дар заминањои баробар ба њамаро дорад» фањмида шавад.

Т АБЪИЗ ЧИСТ Бо суханони дигар, табъиз маънои муносибати нобаробар бо одамони баробар мебошад, ки натиљаи он таќсимоти тафриќавии њуќуќ ва ўњдадорињои миёни онњо мегардад. Дар њаёт бисёр њолатњое мављуданд, ки њамчун нобаробарї ва табъиз бањо дода мумкин аст, аммо он аз тарафи љомеа њамчун меъёри муќаррарї ќабул шудааст. Ба таври мисол, таќсимоти љамъиятии мењнат бо назардошти љинс, синну сол, саломатї. Дар њар як халќият он ба таври гуногун буда метавонад. Мисол, хизмати њарбї майдони фаъолияти мардон буда, занњо ба он танњо бо розигии онњо (он њам дар дањсолаи охир) роњ дода мешаванд, он њам бошад, на дар њама љо ва на њама ваќт. Ин њолат барои он љой дорад, ки хизмати њарбї ва шароитњои сафарї на танњо бо модарї мувофиќ нестанд, балки ба он мухолифанд. Бо ин маќсад љомеаи љањонї барои пешгирї ва нест кардани табъиз як ќатор чорањо андешида истодаанд. Пешгирии табъизро бояд ба маънои...пешгирии њамагуна амале, ки одам ё гурўњи одамонро аз муносибати якхела, мањрум мекунад маънидод намуд.

С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Масъалаи баробарї ва нотабъизї бо як ќатор шартномањои байналхалќї дар соњаи њуќуќи инсон ба танзим дароварда мешавад. Пеш аз њама муќаррарот дар бораи баробарї ва нотабъизї дар Оинномаи Созмони Миллали Муттњид 1945-ум сол (моддаи 1 ва 55), Эъломияи умумии њуќуќи башар 1948-ум сол (моддаи 2), дар Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї ва Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї аз соли 1966 (моддаи 2 њарду Паймон) дарљ гардидаанд. Ба ѓайр аз ин, муќаррароти ба ин монанд дар як ќатор санадњои махсуси байналхалќї ќайд шудаанд, ба монанди – Конвенсияи Ташкилоти байналхалќии мењнат сол дар бораи табъиз дар соњаи мењнат ва машѓулият (моддаи 1); Конвенсияи байналхалќї оид ба рафъи њама гуна шаклњои табъизи нажодї, Конвенсияи ЮНЕСКО соли 1960 дар бораи мубориза бар зидди табъиз дар соњаи маориф (моддаи 1); Эъломияи ЮНЕСКО соли 1978 дар бораи нажод ва хурофоти нажодї (моддаи 1, 2 ва 3); Эъломияи соли 1981 дар бораи нест кардани њамаи шаклњои бетањаммулї ва табъиз вобаста ба дин ё эътиќод (моддаи 2); Конвенсияи соли 1989 дар бораи њуќуќи кўдак (моддаи 2).

С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Аз нуќтаи назари њуќуќї њатмияти мустањкамкунии баробарї баъди ќабули њарду Паймонњои байналхалќї (ПБЊШС ва ПБЊИИФ) ба даст омадааст ва дар моддаи 2 гуфта мешавад, ки «њар як давлат ўњдадор мешавад, ба њамаи ашхоси дар њудуди ќаламрави он ва ќаламрави тањти тобеияти њуќуќии он ќарордошта њуќуќњоро бидуни њељ гуна фарќгузорї дар мавриди нажод, ранги пуст, љинс, забон, дин, эътиќоди сиёсї ё аќидаи дигар, асли миллї ё иљтимої, вазъи молї, таваллуд ё дигар маќом эњтиром ва таъмин кунад». Минбаъд, дар моддаи 26 ПБЊШС ќайд мешавад, ки њамаи одамон дар назди ќонун баробаранд ва бе ягон табъиз њуќуќ ба њимояи баробари ќонунро доранд. Дар ин љода њама гуна табъиз бояд бо ќонун манъ карда шавад ва ќонун бояд ба њамаи одамон кафолати њимояи баробар ва самаранок аз табъизро дар њамаи зуњуроташ: нажод, ранги пўст, љинс, забон, дин, аќидаи сиёсї ва дигар аќоид, баромади миллї ё иљтимої, вазъи молумулкї, тавлид ё дигар њолатро таъмин кунад.

М АЊФУМИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР ДАР ЌОНУНГУЗОРИИ ЉТ Манъи табъиз яке аз соњањои муњим ва босуръат ташаккулёбандаи њуќуќи одатии Кумитаи њуќуќи инсон мебошад. Ба ќадри назаррас ин њолат ба он омиле алоќаманд аст, ки дар фарќият аз дигар шартномањо оид ба њуќуќи инсон моддаи 26-и Паймон табъизро њангоми амалї намудани дигар њуќуќњои дар њамин шартнома њимояшавандаро манъ намекунад, балки озодї аз табъизро њамчун њуќуќи мустаќили инсон муайян мекунад. Дар Љумњурии Тољикстон низ ба масълаи таъмини баробарї ва нотабъизї ањамияти махсус дода мешавад. Дар моддаи 17 Коститутсия (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон ќайд мешавад: «Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд.

М АЊФУМИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР ДАР ЌОНУНГУЗОРИИ ЉТ Давлат њуќуќу озодињои њар як касро новобаста аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, аќидањои сиёсї, маълумот, вазъи иљтимої ва молумулкї кафолат медињад. Мардону занон баробарњуќуќанд». Баъдтар дар ќонунгузорї мазмуни њуќуќи баробарї мухтасар тањлил карда шудааст. Он мухтасар дар ќонунгузории мењнатї, маориф ва њимояи иљтимої коркард шудааст. Њамчунин, дар ќонунгузории мурофиавї диќќати махсус ба таъмини њуќуќи баробарї дар рафти амалишавии баррасии судї дода мешавад. Махсусияти таъмини баробарї дар ЉТ он мебошад, ки аз њамаи аломатњои табъизи дар шартномањои байналхалќї номбаршуда аз њама мушкилаш табъиз бо аломати љинсї мебошад, ки сухан дар бораи он баъдтар меравад.

ХУЛОСА Њамин тариќ, консепсияи муосири њуќуќи инсон баробарии одамонро њамчун баробарї дар назди ќонун, њамчун баробарии конститутсионии шањрвандон, ки дорои њаљми баробари њуќуќ мебошанд, мефањмад. Новобаста аз он, ки њуќуќ ба баробарї дар санадњои њуќуќии муњими байналхалќї ва миллї мустањкам карда шудаанд, он бештар ваќт риоя намешавад. Њатто, дар демократитарин давлатњои љањон њуќуќи инсон ба баробарї дар хаљми пурра амалї намешавад. Сабабњои он зиёданд ва яке аз асосии он ба њаќиќати воќеї мутобиќ набудани интизории одамон мебошад. Барои њамин ба љомеаи љањонї ва Љумњурии Тољикистон барои таъмини баробарии одамон кўшишњои зиёд намудан лозим аст