ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 3. Мазмун ва моњияти њуќуќу озодињои инсон.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Advertisements

Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 27. Њуќуќи иштирок дар хаёти фарњангї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 3. Мазмун ва моњияти њуќуќу озодињои инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 18 Мафњум ва моњияти њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 31. Њимояи њуќуќи ашхоси мутааллиќ ба аќаллият.
Мавз ӯ и 6. Мафњуми њуќуќњои шахсї. Њуќуќ ба њаёт.
Мавз ӯ и 1. Мафњуми мавзўи њуќуќи инсон ва илми њуќуќи инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 22. Низоми њуќуќ ва озодињои иљтимоии шањрвандон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 20. Озодии фаъолияти соњибкорї ва иќтисодї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 7. Њуќуќ ба озодї аз шиканља ва дигар навъи муносибати ѓайриинсонї.
Мавз ӯ и 4. Таснифоти њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд.
Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида. Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал.
Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.
Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
Мавзӯи 32. Мафњум ва мазмуни њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї. ЊУЌУЌИ ИНСОН.
Мавз ӯ и 28. Кафолатњои њуќуќи инсон ва шањрванд: мафњум ва таснифот.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 24. Њуќуќ ба манзил. Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи мазкур њамчун њуќуќи мустаќил дар ПБЊИИФ мустањкам нашудааст,
Транксрипт:

ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 3. Мазмун ва моњияти њуќуќу озодињои инсон

Мањфумњои асосї Њуќуќ ва озодињои инсон ифодакунандаи муносибати давлат бо инсон мебошанд. Ба ќавле онњо муносибатњои амудї (вертикалї)-еро мемонанд, ки ба таври мустасно танњо миёни давлат ва шахс ба вуљуд меоянд. Дар ин замина кўшишњои татбиќи методологияи дигар ва истифодаи ифодаи њуќуќи инсон чун муносибатњои байни одамон (яъне амалии уфуќї (горизонталї)-и ин њуќуќњо) натиљаи дилхоњ дода натавонист. Зеро муносибатњои уфуќї байни одамон – иштирокчиёни муносибатњои љамъиятї аллакай аз љониби дигар соњањои њуќуќ танзим гаштааст. Дар сурати эътирофи њуќуќи инсон чун муносибати шахс бо шахс, фарќ байни соњањои дигари њуќуќ ва њуќуќи инсон аз байн меравад. Бинобарин, њоло њангоме, ки мо њуќуќи инсон мегўем, муносибати мутаќобилаи давлатро бо шахс дар назар дорем.

Гурўњи асосии њуќуќњои инсон Ду гурўњи асосии њуќуќњои инсон мављуданд – њуќуќњои моддї ва њуќуќњои мурофиавї. Њуќуќњои моддї њуќуќ ва озодињои мушаххасро, ки ба инсон мутааллиќанд ифода менамоянд. Аз љумла, озодии сухан, озодии виљдон, интихоби љои зист, њуќуќ ба тањсил ва ѓ. Њуќуќњои мурофиавї бошанд, тарзи амал ва падидањое мебошанд, ки ба ихтиёри шахс вогузор гардида, тавассути онњо вай њокимиятро маљбур мекунонад, ки њуќуњои ўро риоя, њимоя ва иљро намоянд. Аслан, њуќуќ ва озодињои инсон њуќуќњои моддї мебошанд.

Таносуб байни мафњумњои «њуќуќи инсон» ва «озодињои инсон» Масъалаи дигаре, ки зимни баррасии мазмуни њуќуќи инсон диќќати љиддиро талаб менамояд, муайяннамоии таносуб байни мафњумњои «њуќуќи инсон» ва «озодињои инсон» мебошад.Зеро дар шартномањои байналхалќї ва ќонунгузории миллї ин мафњумњо пайваста истифода мешаванд. Воќеан, истилоњи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, чун анъана дар радифи якдигар истифода бурда мешаванд ва якдигарро пурра месозанд. Зиёда аз ин, агар сухан дар мавриди табиати њуќуќї, тарзи мустањкамёбии меъёрї дар санадњои њуќуќї, тартиби амалишавї ва инчунин воситањои њимоя равад, пас байни «њуќуќ» ва «озодї» ќариб, ки тафриќа дида намешавад. Дар ин муносибат онњо чун мафњумњои айниятї эълон гардидаанд. Аммо бо вуљуди ин, миёни мафњумњои номбаршуда фарќияти назаррасе љой дорад. Бо баробари пешкаш намудани таърифњои ин мафњумот, тафовут байни онњо аён мегардад.

Таносуб байни мафњумњои «њуќуќи инсон» ва «озодињои инсон» Мувофиќан, њуќуќи инсон ин маљмўи имкониятњое мебошад, ки аз табиати биологї, иљтимої ва рўњии инсон ба миён омада, шарти мављудияти ўро њамчун мављудоти бошуур муайян менамоянд. Таърифи дигари њуќуќи иснон низ, ки то андозае ќобили ќабул аст, вуљуд дорад. Мувофиќи он њуќуќ инсон чораи рафтори имконпазири инсон аст, ки бо ќонун кафолат дода шудааст. Истилоњи «озодї» бошад, ба ду маъно фањмида мешавад: 1) Ба маънои фалсафї, ки мувофиќи он мафњуми озодї ба таври васеъ маънидод шуда, имконияти мустаќилона ва аз рўи иродаи худ амал намуданро ифода менамояд; 2) Ба маънои њуќуќї, ки мувофиќи он озодї ин имконияти амал намудан дар њудуди муайяннамудаи ќонун аст.

Таносуб байни мафњумњои «њуќуќи инсон» ва «озодињои инсон» Љињати ошкорсозии фарќияти моњиятї миёни истилоњи «њуќуќ» ва «озодї», иловатан, онњоро аз нуќтаи назари муносибати мутаќобилаи «инсон (шањрванд) бо давлат» баррасї менамоем. Аз ин нуќтаи назар озодии инсон – ин яке аз соњањои фаъолияти инсон буда, давлат тавассути меъёрњои њуќуќї танњо сарњади онро муайян намуда ба амалишавии он дахолат наменамояд. Амал намудан ва ё беамалї дар њудуди сарњади муќаррашуда ба ихтиёри худи инсон аст. Давлат њамзамон дахолат накардани дигар шахсонро низ ба ин сарњади озодї таъмин менамояд. Масалан, озодии виљдон, сухан ва ѓ. Њуќуќи инсон бошад, ин имконияти њаракат намудан дар фазоест, ки давлат эътироф намудааст ва кафолат додааст. Дар фарќият аз озодии инсон, давлат ногузир ба амалишавии њуќуќњои инсон дахолат менамояд. Масалан, давлат ба шањрвандони худ њуќуќ ба тањсил додаст. Љињати амалишавии ин њуќуќ давлат мактабњо месозад, барои тайёр намудани кадрњо тадбирњо меандешад ва ѓ.

Таносуб байни истилоњоте мисли «њуќуќи инсон» ва «њуќуќи шањрванд» масъалаи дигаре, ки дар ин маврид тањлили илмиро таќозо менамояд, ин муайяннамоии таносуб байни истилоњоте мисли «њуќуќи инсон» ва «њуќуќи шањрванд» аст. Зеро Конститутсияи ЉТ ин ду мафњумро истифода бурдааст. Ба андешаи Нудненко Л.А. «Инсон – ин махлуќи љондорест, ки мањорати андешаронию сухандонї, ќобилияти сохтани олоти мењнат ва истифодаи он њангоми мењнати љамъиятиро доро аст. Шањрванд бошад – ин шахсе аст, ки бо давлат дар робитаи наздики њуќуќї ќарор дошта ба ин муносибат миёни онњо њуќуќ ва ўњдадорињои мутаќобила ба миён меоянд. Њамин тавр, вазъи њуќуќии шањрванд аз мансубияти њуќуќии вай бо давлат, яъне падидаи шањрвандї вобастагї дорад. Вазъи њуќуќии инсон бошад, нисбатан васеъ аст ва он на танњо нисбати шањрванди давлати алоњида, балки хориљиён ва ашхоси бешањрвандї низ пањн мегардад. Дар Конститутсияи ЉТ љињати фарќгузорї байни ин ду мафњум, зимни ифодаи њуќуќи инсон, истилоњи «њар кас» (масалан, «њар кас њаќќи зиндагї дорад» м.18) ва ифодаи њуќуќи шањрванд, истилоњи «шањрванд» ва ё «шањрвандон» истифода гардидааст. Масалан, «шањрванд њаќ дорад дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шањрвандон ба хизмати давлатї њуќуќи баробар доранд» (м.27).

Моњияти њуќуќи инсон Моњият категорияи фалсафї буда, хосияти доимї ва асосии ашёро, ки бе он вай маъние надорад, ифода менамояд. Мувофиќан, моњияти њуќуќи инсонро хосиятњои асосии зерини он ташкил менамоянд: а) Њуќуќњои инсон табиї ва људонопазир мебошанд. Ин аќида дар заминаи консепсияи табиии њуќуќњои инсон, ки асрњои XYII-XYIII, бо ташаббуси як ќатор олимон ба монанди Љон Локк, Томас Гоббс, Ш.Л.де-Монтескйе, Г.Гротсий, Б.Спиноза ва дигарон пайдо шуда буд, ба миён омадааст. Мувофиќи он, њуќуќњои инсон ба њар кас аз лањзаи таваллуд хос буда, тўњфаи касе мањсуб дониста намешаванд. Танњо инсон будан кофист, то шахс соњиби ин гуна њуќуќњо гардад. Дар ин самт, назарияи позитивї ба муќобили назарияи табиии њуќуќњои инсон меистад. Мувофиќи назарияи позитивї, њуќуќњои инсон аз давлат бар меоянд ва давлат мувофиќи салоњдиди худ њаљм, шакл ва мундариљаи онњоро муайян мекунад. Љонибдорони назарияи позитивї бар он андешаанд, ки њуќуќњои инсон њатман бояд дар ќонунњо тањким ёбанд. Дар акси њол онњо аз љониби давлат њимоя карда намешаванд.

моњияти њуќуќи инсон Њуќуќњои инсон умумиинсонї ва универсалї мебошанд. Яъне њамаи одамон бидуни њељ гуна табъиз њуќуќ ва озодињои баробар доранд. Ќонунгузории давлатњои демократї баробариро ќатъи назар аз љинс, нажод, миллат, забон, мавќеи иљтимої ва мансабї, муносибат ба дин ва ѓайра, кафолат медињад. Умумї будани њуќуќњои инсон њамчунин љабњаи њудудї ва фазої доранд. Яъне дар куљое, ки инсон ќарор надошта бошад ва ё тањвил наёбад, соњиби њуќуќњои табиї ва озодињост. в) Асоси консепсияи њуќуќи инсонро ќадру ќиммат (манзалат) –и вай ташкил медињад. Манзалати инсон – ин бањо додани атрофиён ба шахсияти инсон мебошад. Ќабл аз оне, ки њуќуќњои инсон сатњи кунунии ќадршиносиро соњиб гардиданд, манзалати вай дар санадњои гуногуни таърихї- њуќуќї мустањкам гардиданд, аз љумла дар Эъломияи соњибистиќлолии Амрико (1787), Эъломияи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванди Фаронса(1789) ва ѓ.

Алоќамандии њуќуќи инсон бо давлати њуќуќбунёд, демократї ва љомеаи шањрвандї. Њарчанд ѓояи њуќуќи инсон ба умќи таърих рафта расад ва тадбирњои лањзавї дар асрњои миёна, замони нав ва навтарин боиси инкишофи он гашта бошанд њам, аммо ба маънои аслии худ ин зуњурот баъди баргузор гаштани инќилобњои буржуазї- демократї дар а.XYII ба миён омадааст. Дар ин марњила њуќуќи инсон дар назария ва консепсияњо оиди зарурияти сохтмони давлати демократї, њуќуќї ва љомеаи шањрвандї инъикоси худро ёфт. Љустуљўи роњи бењтарини эътирофи њуќуќ ва озодињои инсон боиси коркарди ѓояњои давлати њуќуќї, демократї ва љомеи шањрвандї гардиданд. Консепсияњои давлати демократї, шакли њуќуќии ташкили њокимияти давлатї, волоияти ќонуни њуќуќї ва љомеаи шањрвандї бо мафњуми њуќуќи инсон робитаи ногусастанї доранд. То кунун таърихи инсоният роњи дигари бењтари инкишофи њуќуќи инсонро дарёфт накардааст. Яъне дар шароити њукмронии давлати демократї, њуќуќбунёд ва љомеаи шањрвандї сатњи дахлдори эътирофи њуќуќи инсон таъмин карда мешавад. Љињати дарки амиќи робитаи њуќуќи инсон бо падидањои номбурда, кушодани моњияти дуввуминро ќобили ќабул мешуморем.

Алоќамандии њуќуќи инсон бо давлати њуќуќбунёд, демократї ва љомеаи шањрвандї. Давлати демократї гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки сохтор ва тарзи фаъолияти он бо иродаи инсон мувофиќ аст ва ба њуќуќу озодињои умумиэътирофгаштаи инсон ва шањрванд мухолифат наменамояд. Давлати демократї – унсури муњимтарини љомеаи шањрвандї ба шумор рафта, ба озодии одамон асос меёбад. Дар чунин давлат халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи њокимият аст. Давлати демократї бо падидаи дигари пешќадам, давлати њуќуќї дар иртибот аст. Шакли њуќуќии ташкили њокимияти давлатї таърифи анъанавии давлати њуќуќї мањсуб мегардад. Агар бо тарзи дигар ифода намоем, пас давлати њуќуќї гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки зимни фаъолияти худ, танњо ба њуќуќ мутеъ буда, њадафи асосии худро таъмини њуќуќ ва озодињои инсон ќарор додааст. Инкишофи идеяи давлати њуќуќї ба инкишофи фањмиши њуќуќи инсон, ки масъалаи марказии ин идея мебошад, алоќамандии зич дорад. Асосан идеяи давлати њуќуќї ва принсипњои он дар атрофи њуќуќи инсон ва ба хотири таъмини он пайдо шуда, инкишоф ёфтааст.

Алоќамандии њуќуќи инсон бо давлати њуќуќбунёд, демократї ва љомеаи шањрвандї. Инкишофи идеяи давлати њуќуќї ва принсипњои онро тањлил намуда, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки худи ин мафњумро бе назардошти чунин принсипи марказї ба монанди, арзиши воло эътироф намудани њуќуќи инсон ва риояи он тасаввур намудан душвор аст. Бинобар њамин дар инкишоф ва ташаккулёбии фањмиши давлати њуќуќї ва њуќуќи инсон онљо аз якдигар чудонопазиранд. Њам волоияти њуќуќ ва њам афзалияти њуќуќи инсон на фаќат нишонањои давлати њуќуќбунёд, балки маќсади асосии он мебошад, ки њамаи дигар нишонањо барои амалї гардонидани ин маќсад равона гаштаанд. Амалї гардонидани њуќуќњои чудонашавандаи инсон ва шањрванд шарти асосии њама гуна пешравии сиёсї, њуќуќї ва иљтимої мебошад. Бинобар њамин он бояд дар њама гуна назарияе, ки маќсадаш тањлили муносибати шахсият ва њокимият мебошад, њамчун асосгузор ба назар гирифта шавад. Дар бораи моњият ва нишонањои давлати њуќуќбунёд аќидањои зиёд вуљуд дорад. Аммо дар њамаи ин аќидањо масъалаи эътирофи њуќуќи инсон ва волоияти њуќуќ тагйирнопазир мемонад.

Алоќамандии њуќуќи инсон бо давлати њуќуќбунёд, демократї ва љомеаи шањрвандї. Давлати њуќуќї дар замони муосир ин зинаи олии инкишофи озодї ва инъикоси он дар падидањои давлатї – њуќуќї мебошад. Давлати њуќуќбунёд ин шакли мањдуд намудани њокимият бо њуќуќу озодињои инсон мебошад. Њуќуќ ва озодињои фард ин муњимтарин воситаи мувозинат бо пурќудратии њокимияти давлатї ба шумор меравад, ки мањдуд кардани онро таъмин менамояд. Бинобар њамин, афзалияти њуќуќи инсон нисбати давлат нишонаи аввалиндараља ва муайянкунанда мебошад, ки дигар аломатњои таъминкунандаи њуќуќи инсон ба он алоќаманд мебошанд. Ба монанди, сохтани давлат ва љамъият дар асоси принсипњои њуќуќ, таљзияи њокимият, масъулияти мутаќобилаи инсон ва давлат. Маќсади давлати њуќуќбунёд ин таъмини њудуди озодии фард, дахлнопазирии њудуди озодї, ки бо њуќуќ муайян шудааст, манъ будани истифодаи чорањои маљбурсозии ѓайрињуќуќї мебошад.

Алоќамандии њуќуќи инсон бо давлати њуќуќбунёд, демократї ва љомеаи шањрвандї. Афзалияти њуќуќи инсон масъулияти ўро барои истифодаи ѓайридахлдори њуќуќу озодињояш истисно намекунад, балки бар души ў як ќатор ўњдадорињоро барои таъмини њуќуќу озодињо аз љониби давлат вогузор мекунад. Дар ин замина алоќаи махсуси њуќуќї барпо мегардад - масъулияти мутаќобилаи давлат ва инсон, ки озодињои охиринро поймол намекунад, кўшиши боаќлона њамоњанг намудани озодињои њамаи аъзоёни љамъият ва монанди ин. Давлати њуќуќї барои амалї гардонидани функсияи асосии худ, яъне њимояи њуќуќу озодињои инсон бояд дорои институтњо ва низоми механизмњои њифзи њуќуќи инсон бошад, ки њимояи њуќуќи инсонро таъмин намояд. Ин институтњо ва низоми механизмњо таѓйирнопазир набуда, доимо дар ташаккул мебошанд ва бояд ба талаботу шароитњои ивазшавандаи њаёти љомеа љавобгў бошанд.

Алоќамандии њуќуќи инсон бо давлати њуќуќбунёд, демократї ва љомеаи шањрвандї. Љомеаи шањрвандї – ин љомеаи њуќуќї, либералї, кушод, плюралистї, худташкилшаванда ва худидорашаванда аст, ки аъзоёнаш – афроди озод – дар якљоягї умумияти ѓайрисиёсии аз дахолати давлатї эмин буда, тобеи њуќуќро ташкил дода, бо маќсади ќонеъ гардонидани манфиатњои хеш мустаќилона ва бо дарки масъулияти баланд назди наслњои њозира ва ояндаи инсоният њаёту фаъолият доранд. Љомеаи шањрвандї дар шароити ривољи муносибатњои хусусї, эътирофу кафолати моликияти хусусї, ташаккули фарди озоду дорои њуќуќњои фитрї ташаккул меёбад.

Алоќамандии њуќуќи инсон бо давлати њуќуќбунёд, демократї ва љомеаи шањрвандї. Барои дарки робитаи љомеаи шањрвандї бо њуќуќи инсон, зарур мешуморем, то баъзе аз хусусиятњои љомеаи шањрвандиро баррасї намоем. Аз љумла: - љомеаи шањрвандї дар заминаи эътирофу эњтиром ва таъмину њимояи њуќуќу озодињои фитрї ва позитивии инсону шањрванд, баробарии шаклњои моликият, истифодаи озоди моликияти хусусї, шаклњои имконпазир ва муфиди фаъолияти озоди иќтисодї, раќобати озод ташаккул меёбад; - љомеаи шањрвандї – љомеаи кушод буда, дар он барои фаъолияти њамаи њизбу созмонњои љамъиятї, амалиёти номањдуди ташкилотњои байналхалќї, воситањои ахбори умумї шароити зарурию кофї љой дорад; - љомеаи шањрвандї – љомеаи њуќуќї буда, тањкурсии давлати њуќуќбунёд аст. Бе љомеаи шањрвандї давлати њуќуќбунёд арзи вуљуд надорад. Њамин тавр, зимни баррасии категорияњое мисли давлати њуќуќї, режими демократї, љомеаи шањрвандї ва њуќуќи инсон маълум менамоем, ки миёни онњо њамоњангии зиёде мављуд будааст ва онњо бидуни њамкорї бо якдигар арзи њастї намуда наметавонанд

Вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд. Муносибати инсон ва шањрванд ва љомеаю давлат ањромеро мемонад, ки њар як кунљи он ба якдигар дар таносуб ќарор дорад. Давлат њамчун шакли ташкилоти сиёсии љомеа, олоти асосии ба амал баровардани маќсаду вазифањои муњимтарини он аст. Шахc бошад, ќисми таркибии љомеа буда, дар маљмўъ худи љомеаро ташкил менамояд. Алоќамандии инсон ва шањрванд ва љомеаю давлат мазмуни диалектикї дош-та, љомеа бе шахс ва давлат бе љомеа вуљуд дошта наметавонанд. Дар навбати худ, шахс низ дар љомеа ташаккул ёфта, иштирокчї ва бунёдкори муносибатњои љамъиятї мебошад. Дар байни шахс ва љомеа муносибатњои бешумор дар соњањои гуногуни њаёт ва фаъолияти онњо ба вуљуд меоянд. Ќисми муњими ин муносибатњо дар љомеаи њозиразамон хислати њуќуќї ва сиёсї доранд. Вобаста ба ин, муносибати шахс ва љомеа шакли сиёсї пайдо мекунад. Барои амалї гардондани муносибатњои сиёсии байни шањрванд ва давлат алоќамандии онњо хислати њуќуќї пайдо мекунад. Баробари ин, гуфтан лозим аст, ки дар давраи њозира муносибатњои иљтимої, иќтисодї, фарњангї, миллї ва ѓайра, ки дар байни давлат ва шањрвандон муќаррар гардидаанд, низ бештар хислати сиёсї доранд. Амалї шудани ин муносибатњо алоњамандии шањрвандро бо давлат боз њам мустањкамтар мегардонад

Вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд. Вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд аз муносибатњои мураккабе иборат аст, ки вобаста ба мавќеи шахс дар љомеа соњањои гуногуни њаёту фаъолияти онњоро дар бар мегирад. Дар соњањои иљтимої-иќтисодї, сиёсї ва ахлоќї-тафаккурии њаёти љомеа муносибатњои ба вуљудоянда тамоми њаёту фаъолияти шахсро фаро мегиранд, вале њељ як соњаи њуќуќ дар алоњидагї онњоро ба танзим андохта наметавонад. Танњо њамаи соњањои њуќуќ дар маљмўъ онњоро мустањкам намуда, ба танзим меандозанд. Дар њар сурат падидаи вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд, яке аз унсурњои муњими илми њуќуќи инсон ба њисоб рафта, барои дарки амиќи њуќуќњои инсон мусоидат менамояд.

Вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд. Баъди тањлили њамаљонибаи ин падида ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки он аз як ќатор унсурњо таркиб ёфтааст: Муносибатњои њуќуќии марбут ба шањрвандї; Принсипњои асосии вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд; Њуќуќ ва вазифањои асосии инсон ва шањрванд; Кафолати њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд; Асосњои мањдуднамоии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд.

Шањрвандї. Шањрвандї яке аз унсурњои асосии вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд ба њисоб рафта, алоќаи устувори њуќуќї бо давлат аст, ки ба ин муносибат њар як шањрванд нисбати давлат њуќуќи муайян ва вазифаи дахлдор дорад. Одатан шањрвандї гуфта, мансубияти њуќуќї ва ё њуќуќї - сиёсии шахс ба давлат фањмида мешавад, ки ба ин муносибат ба он соњибихтиёрии ин давлат пањн мешавад ва њуќуќу манфиатњои ќонунии ўро давлат, чи дар дохил ва чи дар хориљи кишвар њифз менамояд. Шањрвандї муносибати шахсро бо давлати мазкур мефањмонад, ки ањамияти сиёсї ва њуќуќї дорад. Шањрвандї алоќаи мустањками њуќуќии шахс бо давлат буда, дар маљмўъ њуќуќ, вазифа ва масъулияти тарафайнро, ки ба эътироф ва эњтироми ќадру ќимат, њуќуќу озодии асосии инсон асос ёфтааст, ифода мекунад. Шањрвандии Љумњурии Тољикистон робитаи мустањками сиёсию њуќуќии шахс ва давлатро, ки дар њуќуќу вазифањои тарафайн ифода меёбанд, муайян менамояд. Шањрвандї робитаи устувори њуќуќии инсон бо давлат буда, ин робита дар маљмўи њуќуќу вазифа ва масъулияти њамдигарии онњо ифода ёфта, дар асоси эътирофу эњтироми ќадру ќимат, њуќуќу озодињои асосии инсон ќарор гирифтааст.

Шањрвандї Дар њамаи ин таърифњо чанд унсурњо њатман такрор меёбанд: 1) алоќаи устувори њуќуќї бо давлат; 2) мансубияти њуќуќї, сиёсию њуќуќии шахс ба давлати мазкур; 3) бо сабаби шањрвандї нисбати шахс пањн гаштани соњибихтиёрии давлат; 4) њифзи њуќуќу озодии шахс чи дар дохил ва чи дар хориљи кишвар; 5) дар назди њамдигар њуќуќу вазифадор будани давлат ва шахс; 6) эътирофу эњтироми ќадру ќимат, њуќуќу озодињои асосии инсон. Падидаи шањрвандии Тољикистон аз меъёрњое иборат аст, ки муносибат ва алоќањои мављудаи байни давлати Тољикистон ва инсону шањрванди дар марзи он истиќоматдоштаро ба танзим меандозад. Ин падидаи њуќуќї - конститутсионї бо мафњуми сиёсии халќи Тољикистон алоќаманд буда, онро сарфи назар аз миллаташон шањрван-дони Тољикистон ташкил менамоянд.Ѓайр аз ин, дар Тољикистон шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї (апатридњо) истиќомат мекунанд, ки ба дараљаи ањолии љумњурї тааллуќ доранд ва бо давлат дар муносибати муайяни њуќуќї мебошанд. Шањрвандии Тољикистон њамчун узви њолати њуќуќии инсон ва шањрванд дар як ваќт падидаи мустаќили њуќуќї - конститутсионї мебошад. Мазмуни он аз њуќуќу вазифањои махсуси шахс нисбати давлат ва давлат нисбати шахси мазкур иборат аст. Онњо вобаста ба мансубияти шахс ба низоми њуќуќии Тољикистон, таъмин кардани соњибњуќуќии пурраи ў, њифзи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрвандон ташаккул меёбанд

Принсипњои вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд. Принсипњои њуќуќи инсон ѓояњои бунёдие мебошанд, ки мундариља ва таъиноти иљтимоии њуќуќи инсонро муайян мекунанд. Муњаќќиќи барљастаи соњаи давлатшиносии тољик Имомов А.И. бошад, дар заминаи илми њуќуќи конститутсионї рољеъ ба принсипњои вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд ќайд намудааст, ки дар зери мафњуми усулњои асосии вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд, муносибатњои муњимтарини байни давлат ва шањрвандон вобаста ба мавќеи онњо дар љомеа фањмида мешавад. Мазмун ва хислати усулњои вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд бо моњияту мазмуни њокимияти давлатї алоќаманд аст. Вобаста ба хислати демократї ва ё иртиљої доштани шак-лу сохтори давлатї, мазмун ва моњияти муносибати давлат бо шањрвандон гуногун шуда метавонад. Ин њолат мазмун ва таъиноти усулњои вазъи њуќуќии инсон ва шањрвандро муайян мекунад. Ќисми таркибии вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд усулњое мебошанд, ки дар хусуси моњияту мазмуни ин падида шањодат медињанд. Усулњои вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд хислати њамаро дарбаргиранда дошта, хусусияти вазъи њуќуќии њар як узви љомеаро муайян менамоянд. Онњо ба њамаи њуќуќу озодињо бе истисно, сарфи назар ба кадом соњаи њуќуќ бештар тааллуќ доштанашон пањн мегарданд

Принсипњои вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд. Дар адабиёти њуќуќї асосан принсипњои зерини њуќуќи инсон људо мегарданд: Принсипи умумият ва универсалї будани њуќуќњои инсон, яъне њамаи одамони рўи Замин, сарфи назар аз мансубияти иљтимої, нажодї, миллї, забонї, динї ва ѓ.соњиби њуќуќу озодињо мебошанд. Одам њар куљое бошад ва њар ќадар таѓйири макон кунад, њам ў соњиби њуќуќ ва озодињои асосї мебошад.

Принсипњои вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд. Принсипи баробарњуќуќї. Ин усул низ аз санадњои муњими њуќуќии байналхалќї бармеояд. Дар Эъломияи умумии њуќуќи башар муќаррар гардидааст, ки њамаи одамон дар назди ќонун баробаранд ва бе њељ гуна тафовут ба њимояи ќонун њуќуќи баробар доранд. Њамаи одамон барои њимоя аз њаргуна њуќуќпоймолкунињое, ки хилофи эъломияанд ва аз њаргуна иѓвогарии чунин поймолкунї њуќуќ доранд (моддаи 7). Дар Паймони байналмиллалї дар бораи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї таъмини усули баробарњуќуќии одамон боз њам равшантар ифода ёфта, иљрои он ба ўњдаи давлатњо гузошта шудааст. Муайян карда шудааст, ки давлатњои иштироккунандаи ин санад уњдадорї мегиранд, ки њуќуќи баробари истифодабарии њамаи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии аз тарафи хуљљати мазкур пешбинигаштаро барои мардон ва занон таъмин намоянд (моддаи 3). Паймони байналмиллалї дар бораи њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї низ давлатњои иштирокчии онро ўњдадор менамояд, ки барои мардон ва занон њуќуќи баробари истифодаи њамаи њуќуќњои шањрвандї ва сиёсии бо санади мазкур мукарраргардидаро таъмин намоянд (моддаи 3).

Принсипњои вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд. Яъне њуќуќњои инсон то андозае људонопазиранд, ки њељ касро наметавон аз њуќуќњои инсониаш мањрум сохт, ба љуз тањти њолатњои њуќуќии возењ ва равшан муайяншуда. Принсипи таќсимнопазирї ва њамбастагии њуќуќњои инсон. Яъне њамаи њуќуќ ва озодињои инсон ба њамдигар вобаста буда, дар сурати вайрон кардани як гурўњи њуќуќ ва озодињо, ќисми дигари онњо њатман вайрон мешаванд.