Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Готовимся к ЕГЭ. Содержание 1. ФонетикаФонетика 2. ОрфоэпияОрфоэпия 3. Морфемика и словообразованиеМорфемика и словообразование 4. ЛексикаЛексика 5. Морфология.
Advertisements

Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
gr1-gif
Дарси кушоди соати кураторї дар мавзўи Атриши миллї – сипари боэътимоди Ватан
Кафедраи «Физика, экологияи саноатї ва фанњои муњандисї» МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СОҲАВЇ ВА ИДОРАИ ИННОВАТСИЯҲО ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ.
Њуљљатњои иттилоотию маълумотдињанда (2 соат). Хуљљатњои иттилоти- маълумотдињанда: маълумотномањо, арзномањо ва мактубчањои фањмондадињї, маълумотњо,
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Љумњурии Тољикистон Кафедраи Идоракунии иќтисодиёт ва молия Муаррифот (маводњои тасвирї ) оид ба равияи.
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї Муаррифот оид ба мавзўи «Амалисозии сиёсати.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат.
Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї.
Мавз ӯ и 4. Таснифоти њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
ДЕВОН-И ФЕРУЗШО Ҳ ИЙДАН ЎРИН ОЛГАН Ғ АЗАЛЛАР:МАТН ВА УНИНГ ШАР Ҳ И (Шар қ қ улёзмалари маркази фондидаги тошбосманусха асосида) Таълим йўналиши:
Дипломатик этикет. Дипломатик этикетда кийиниш маданияти ва қоидалари. Дипломатик протокол. Дипломатик қабул. Дипломатик мартаба.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат

Њуќуќ ба мењнат яке аз њуќуќњои асосии иќтисодии инсон ба шумор меравад. Барои ба дарки эълони њуќуќ ба мењнат (озодии мењнат) њамчун асоси њастии пурарзиши инсоният дар ќарни ХХ расидан, якчанд бўњрони иќтисодию иљтимоиро аз сар гузаронидем. Новобаста аз ин, њанўз соли 1948 Эъломияи умумии њуќуќи башар танзими меъёрии байналхалќии њуќуќ ба мењнатро асос гузоштааст.

Минбаъд ин њуќуќ дар моддањои 6 ва 7 ПБЊИИФ мустањкам гардидааст, ки муќаррароти зеринро дар бар мегиранд: 1. њуќуќ ба мењнат, њуќуќи њар як инсонро ба имконияти барои зиндагї, пулёбї бо мењнати озодона интихобнамуда ё озодона розишаванда, дар бар мегирад; 2. шароити боадолат ва мусоиди мењнат, ба њамаи кормандон пешнињоди музди мењнати боадолат ва подоши баробар ба кори баробарарзиш бидуни тафовут, шароити мењнати љавобгўи талаботи бехатарї ва тозагї, имконияти якхелаи њамаи кормандон ба пешравї дар кор ба зинањои баландтари мувофиќ танњо дар асоси собиќаи корї ва мањорати касбї, дамгирї, фароѓат ва мањдудияти бошууронаи ваќти корї ва рўњсатии даврии пардохтшаванда, баробарии подош барои рўзњои ид ва ѓ.

Баробари ин ќайд кардан ба маврид аст, ки њам дар санадњои њуќуќии байналхалќї ва њам дар ќонунгузории миллї ду таъриф вуљуд дорад – «њуќуќ ба мењнат» ва «озодии мењнат». Бо тањлили ин мафњумњо ќайд кардан зарур аст, ки «њуќуќ ба мењант» назар ба «озодии мењнат» мафњуми мањдудтар мебошад. «Озодии мењнат» на танњо кафолати таъмин бо љойи корї ва таъмини шароитњои кории мусоид, балки имконияти интихоби - мењнат кардан ё накарданро дар бар мегирад. Он мењнати маљбуриро манъ мекунад

Чї хеле аз мазмуни меъёрњои ПБЊИИФ аён аст, дар он њуќуќ ба мењнат мустањкам шудааст, ки соњаи пањншавии ин њуќуќро мањдуд мекунад. Хусусан, ПБЊИИФ манъи мењнати маљбуриро пешбинї намекунад. Ин њолат маънои онро надорад, ки меъёрњои њуќуќи байналхалќї имконияти татбиќи мењнати маљбуриро роњ медињад. Манъияти мазкурро моддаи 8 ПБЊШС ба њайси яке аз шартњои озодї аз ѓуломї, ки бо њуќуќ ба мењнат робитаи зич дорад, мустањкам намудааст. Њамчунин диќќатро он њолат љалб мекунад, ки бо њуќуќ ба мењнат масъалањои маърифат ва муттањидшавї дахл дода мешавад, яъне ин њуќуќњои якдигарро пурра мекунанд. Њуќуќ ба таълим ба инсон имконият медињад соњиби тахассус гардад, ки дар натиља ў метавонад аз рўи тахассус ба кор дарояд. Њуќуќ ба муттањидшавї дар муносибатњои мењнатї барои њимояи мењнаткашон ва намояндагии манфиатњо дар муносиботи мутаќобила бо корфармо ва давлат пешбинї шудааст.

Танзими њуќуќњои мењнатї дар ќонунгузории миллї ба таври мушаххас амалї шудааст. Чунончї, моддаи 35 Сарќонун (Конститутсия) эълон мекунад: «Њар кас ба мењнат, интихоби касбу кор, њифзи мењнат ва њимояи иљтимої њангоми бекорї њаќ дорад. Музди кор аз њадди аќали музди мењнат набояд кам бошад. Дар муносибатњои мењнатї њама гуна мањдудият манъ аст. Барои иљрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Њељ кас ба мењнати маљбурї љалб карда намешавад, ба истиснои мавридњое, ки ќонун муайян кардааст. Дар корњои вазнин, зеризаминї ва шароити мењнаташон зарарнок истифодаи мењнати занон ва ноболиѓон манъ аст». Чи хеле аз мазмуни моддаи 35 Сарќонун (Конститутсия)- и ЉТ аён аст, он њуќуќ ба мењнатро назар ба меъёрњои ПБЊИИФ васеътар ба танзим медарорад.

Шарњи мазкур, албатта, назар ба худи њуќуќ ба мењнат наќши пурмазмунтар дорад. Дар моддаи зикргардидаи Сарќонун дар назар дошта шудааст, ки њар як кас метавонад шахсан имконияти потенсиалии мењнатии худро ихтиёрдорї намояд ё тамоман аз фаъолияти мењнатї даст кашад. Инсон новобаста аз иродаи каси дигар метавонад имкониятњои худро ихтиёрдорї намояд, аз рўи ихтиёр ва майли худ навъи фаъолияти мењнатї ва ихтисосро интихоб намояд.

Диќќати махсус ба баробарї дар муносибатњои мењнатї ва нотабъизї дода мешавад. Яке аз масъалањои асосї дар ин соња вайронкунии њуќуќ ба мењнат дар намуди рад кардани пешнињоди кор аз рўи аломати љинсї, мисол, бинобар њомиладор будани зан мебошад. Њамчунин аз рўи аломати миллї ё дигар аломат ба кор ќабул накардан низ табъиз мебошад. Инчунин дар моддаи зикргардидаи Сарќонун ќайд мегардад, ки њар кас њуќуќ ба озодї аз иљроиши маљбурии кори муайян дорад. Манфиати њимояшаванда љанбаи озодии ташкили муносибатњои мењнатї мебошад: он касе, ки ба мењнати муайян маљбур карда мешавад, аз имконияти кор бо интихоби худ, ихтисоси худ, дар корфармои муайян ва аз рўи шартњои ба созишомада мањрум мегардад. Кори маљбуриро аз ўњдадории њалли вазифањои муайян, ки ба зиммаи гурўњњои мутахассисони муайян вогузор шуданаш мумкин аст, фарќ бояд кард.

Сарќонун масъалаи музди боадолати мењнатро махсус танзим менамояд. Музди беадолати мењнатї вайронкунии даѓалонаи њуќуќњои мењнатї мебошад, мисол, њаљми гуногуни музди мењнат барои занону мардон барои кори якхела ва таъхири пардохти он. Њуќуќ ба мењнат њамчунин њуќуќ ба шароити хуби мењнатї ва тозагиро дар бар мегирад. Агарчанде, дар моддаи 35 Сарќонуни ЉТ ин њуќуќ бевосита ќайд нашудааст, ин њуќуќ дар Кодекси мењнатии ЉТ мустањкам шудааст, ки њуќуќи инсонро ба мењнат дар шароити љавобгўи талаботи бехатарї ва тозагї пешбинї менамояд. Ин бешак њуќуќи муњим аст. Зимнан, агар миќдори бешумори одамони љароњати истењсолї бардошта, њатто то ба дараљаи марговар, аздастдињии саломатї ва маъ-юбшавиро ба назар гирем, муњимияти он афзун мегардад. Шароити санитарї ва тозагии кор ба саломатии умумии ањоли низ таъсир мерасонад.

Танзими минбаъдаи њуќуќњои мењнатии шањрвандон дар Кодекси мењнатии ЉТ пешбинї шудааст. Маќсадњои ќонунгузории мењнатї аз муќаррар кардани кафолатои давлатии њуќуќ ва озодии шањрвандон, ташкили шароити мусоиди мењнатї, њимояи њуќуќ ва манфиатњои кормандон ва корфармоён иборат мебошад. Кодекси мењнатї ѓояњои асосии танзими муносибатњои мењнатї: озодии мењнат, манъи мењнати маљбурї ва табъиз дар соњаи мењнат, њимоя аз бекорї ва ѓайраро мустањкам мекунад.

Њуќуќ ба мењнатро бидуни њуќуќ ба истироњат тасаввур намудан душвор аст. Ин њуќуќњо дар радифи якдигар амал менамоянд. Њуќуќи мазкур дар банди d. моддаи 7 ПБЊИИФ пешбинї шудааст. Дар он ќайд мешавад, ки: «дамгирї, фароѓат ва мањдудияти бошууронаи ваќти корї ва рўњсатии даврии пардохтшаванда, баробари подош барои рўзњои ид» шароитњои муњими мењнат ба шумор меравад. Ин њуќуќ то андозае дар гурўњи њуќуќњои мењнатї људо истода, ба њуќуќњои иљтимої дохил мебошад, зеро ба таври истисно талаботи иљтимої- биологии љамъиятро таъмин мекунад ва таркиби маќсаднокии иќтисодиро надорад.

Њуќуќ ба дамгириро њамчун њуќуќи људонопазири њамагон мустањкам намуда, Сарќонун (Конститутсия)-и Љумњурии Тољикистон дар моддаи 37 пешбинї мекунад, ки «Њар кас њуќуќ ба истироњат дорад. Ин њуќуќ бо роњи муќаррар кардани њафта ва рўзи корї, рўњсатии њарсолаи пулї, рўзњои њарњафтаинаи истироњат ва шароити дигаре таъмин карда мешавад, ки ќонун муайян кардааст». Њамин тариќ, аз меъёрњои ПБЊИИФ ва Сарќонун (Конститутсия)-и ЉТ хулоса баровардан мумкин аст, ки ба мазмуни њуќуќи мазкур масъалањои вобаста ба корманд пешнињод кардани ваќти озод барои барќарор кардани ќувва ва ќобилияти мењнатии худ дохил мегарданд. Он мањдудияти ваќти корї, рўњсатии даврї, рўзњои истироњат ва идро дар бар мегирад.

Масъалањои вобаста ба тартиби амалигардонии њуќуќи мазкур дар ќонунгузории љорї мустањкам гардидааст, алалхусус, дар Кодекси мењнатї. Бо бастани шартномаи мењнатї шањрванд њуќуќ дорад аз корфармои мушаххас риояи давомнокии муќарраргардидаи мењнат, ба ў пешнињод кардани рўзњои истироњат ва ид, рўњсатии пардохтшавандаро талаб кунад, корфармо низ дар навбати худ ўњдадор аст, ин талабот-ро ќонеъ гардонад ва шароит барои амалигардонии њуќуќ ба дамгириро таъмин намояд.

Кафолати муњими њуќуќ ба дамгириро танзими муфассали масъалањои ваќти корї ва ваќти дамгирї дар ќонунгузории мењнатї ташкил медињад. Санадњои њуќуќии асосии танзимкунандаи ваќти корї ва ваќти дамгирї дар ташкилотњо аз Ќоидањои тартиботи дохилї, ки аз тарафи корфармо бо назардошти аќидаи маќомоти намояндагии кормандони ташкилот тасдиќ шудааст ва шартномањои коллективї, ки аз тарафи кормфармо ва корманд дар шахсияти намояндагони онњо бас-та мешавад, иборатанд.

Ваќти дамгирї, аз як тараф, – ин ваќте мебошад, ки корманд дар давоми он аз иљрои ўњдадорињои мењнатї озод буда, онро мувофиќи хоњишаш истифода мебарад, аз тарафи дигар ваќти барќароркунии ќуввањои љисмонї ва рўњї, ваќти аз тарафи одам барои инкишофи иљтимоию фарњангї сарфшаванда, фаъолияти љамъиятї, тањсил, эљодиёти илмї, техникї ва адабї, машѓулият ба тарбияи љисмонї ва варзиш ва ѓайра ташкил медињад. Ваќти дамгирї ваќте мебошад, ки корманд дар давоми он тибќи Ќонун аз иљрои ўњдадорињои мењнатї озод буда, онро мувофиќи хоњишаш барои ќонеъ намудани манфиатњои худ ва барќарор сохтани ќобилияти мењнатиаш истифода мебарад.

Навъњои ваќти дамгирї инњоянд: а) танаффусњо дар давоми рўзи корї; б) танаффусњо байни рўзњои (сменаи) корї; в) рўзњои истироњат (истироњати њарњафтаина); г) рўзњои ид; д) рухсатињои мењнатии њарсолаи пардохтшаванда; е) рухсатињои иљтимої.