Мавз ӯ и 1. Мафњуми мавзўи њуќуќи инсон ва илми њуќуќи инсон.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
Advertisements

Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
II-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИ КОНСТИТУЦИЯСИНИНГ АСОСИЙ ТАМОЙИЛЛАРИ Режa: 1 Суверенитет тушунчaси вa унинг турлaри. 2 Xaлқ ҳoкимиятчилиги – дaвлaт ҳoкимиятини.
VI-МАВЗУ: ОЛИЙ МАЖЛИС- УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИНИНГ ОЛИЙ ВАКИЛЛИК ОРГАНИ ВА ҚОНУН ЧИҚАРУВЧИ ХОКИМИЯТ Режa: 1. Oлий Мaжлиснинг дaвлaт oргaнлaри тизимидaги.
IV-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ЖАМИЯТ ВА ШАХС МУНОСАБАТЛАРИНИНГ КОНСТИТУЦИЯВИЙ АСОСЛАРИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaси кoнституциявий тизимининг иқтисoдий негизи.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
I-МАВЗУ: Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш ўқув курсининг мaқсaд вa вaзифaлaри Режa: 1.Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш курсининг.
Мавз ӯ и 23. Њуќуќ ба таъминоти иљтимої. Яке аз ѓояњои мављудияти давлат ва љамъият он мебошад, ки њар як кас бояд њастии худро худ таъмин кунад. Дар.
Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат.
Мавз ӯ и 1. Мафњуми мавзўи њуќуќи инсон ва илми њуќуќи инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 20. Озодии фаъолияти соњибкорї ва иќтисодї.
Мавзу: Куп машинали ва куп процессорли компьютер тизимлари.Флинн классификацияси. Суперкомпьютерлар ва улар архитектурасининг хусусиятлари. Режа: 1. Куп.
Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида. Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал.
Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.
Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.
Мавз ӯ и 28. Кафолатњои њуќуќи инсон ва шањрванд: мафњум ва таснифот.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 24. Њуќуќ ба манзил. Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи мазкур њамчун њуќуќи мустаќил дар ПБЊИИФ мустањкам нашудааст,
МАВЗУ: Полиплоидия ва мутагенез. РЕЖА: 1.Полиплоидия типлари ва улар классификацияси 2.Полиплоидия дарахтлар селекцияси 3.Полиплоидия олиш усуллари 4.Гаплоидлар.
. УМИДЛИ КИМЁГАР – 2016 Мавзу: РАНГЛИ МЕТАЛЛАРНИ ХАЙДАШ ЖАРАЁНИДА ХЛОРЛОВЧИ ҚЎШИМЧАНИНГ АХАМИЯТИ ВА МИҚДОРИ. Научные руководители: И.Т.Бадельбаева, М.Бекмуратова.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 1. Мафњуми мавзўи њуќуќи инсон ва илми њуќуќи инсон

Падидаи њуќуќи инсон, ки мављудияти он дер боз мавриди инкор ќарор гирифта буд, айни мудом ба яке аз унсурњои муњими фаъолияти давлат табдил ёфтааст. Барои эътироф гаштан дар ин сатњ њуќуќи инсон марњилаи тулонии пайдоиш ва инкишофро паси сар намудааст. Дар шаклгирии ин падида сабаб ва омилњои зиёди таърихї, ки аз талаботи инсоният бар меомаданд, мусоидат намуданд. Дар шароити кунунии Љумњурии Тољикистон низ масъалаи њуќуќи инсон хеле мубрам арзёбї мегардад. Ин њолат бештар ба амалисозии ислоњоти њуќуќї ва иќтисодию иљтимої дар кишвар вобастагї дорад. Муњимияти омўзиши њамаљонибаи низоми њуќуќ ва озодињои инсон дар чунин шароит њељ шубњаеро ба миён наоварда, зарурияти ба таври мустаќил таълим додани он низ мањз дар њамин ифода меёбад.

Ќабл аз баррасии масоили марбут ба омўзиши њуќуќи инсон зарур медонем, то бархе аз мафњумњоеро, ки тавассути онњо мазмуни курси мазкур аз бар карда мешавад, равшан намоем. Илм – ин соњаи фаъолияти инсонї буда, вазифаи он дар коркард ва ба наќша даровардани донишњои айнї оиди воќеият ифода меёбад. Мавзўи илм – ин доираи муайяни масъалањоест, ки мавриди омўзиши он ќарор доранд. Илми њуќуќшиносї ( юриспруденсия ) њуќуќ, љабњањои гуногуни фаъолияти њуќуќтатбиќсозї, яъне доираи муайяни муносибатњои љамъиятии мавриди танзими њуќуќ ќарордоштаро меомўзад. Мављудияти доираи даќиќи мавзўи омўзиш аз илман баркамол будан, мустаќилияти нисбї ва иќтидоран самаранокии соњаи донишњо ва фанни академї дарак медињад. Усули илм – ин тарз ва воситањои омўзиши њаќиќати воќеї, донишњои назариявї мебошанд. Барои расидан ба умќи њар як зуњуроти омўхташаванда зарур аст, то объекти тадќиќшаванда ба таври муљтамаъ дар љараёни пайдоиш ва инкишоф омўхта шавад. Зимни баррасии масоили вобаста ба њуќуќи инсон ва илми он риояи ин анъанаро таъмин хоњем намуд.

Чуноне, ки Л. Глухарева ќайд менамоянд « Њуќуќњои инсон соњаи донишњои илмї ва амалияи иљтимоиеро мемонанд, ки барои дарёфти тарзњои судманди дастгирии умумиљањонии инсон, инкишофи вай ва соќитсозии хатарњои зиёди ба мављудияти он тањдидкунанда нигаронида шудаанд. Ќобили таъкид аст, ки икишофи ин соњаи илм на аз рўи тамоюли мавзўї, балки аз рўи тамоюли проблемавї сурат гирифтааст. Илми њуќуќи инсон ба њайси соњаи комплексї ( муљтамаъ ), баромад намуда, дастовардњои соњањои дигари илмиро муттањид сохта, бо ин васила имконияти аз байн бурдани нуќсонњои дониш, таъмини зиёдшавии натоиљи тадќиќоти илмї ва судмандсозии татбиќи онњоро дар амалия, пайдо кардааст.» Аз ин рў, иќрор бояд буд, ки муаммои асосии эътирофи њуќуќи инсон ба њайси илми мустаќил њамин аст, ки худи њуќуќи инсон зуњуроти гуногунљабња мебошад ва ин њолат ба таври ногузир фањмиши гуногунмаънои онро ба бор меорад.

Мавзўи илми њуќуќи инсонро яке аз арзишњои олии тамаддуни инсонї, њуќуќ ва озодињои инсон ташкил менамоянд, ки он љабњањои гуногуни њаёти љамъиятї ва инфиродиро фаро мегирад. Азбаски њуќуќи инсон таълимоти мураккаб ва гуногунљабња аст, он низоми њуќуќ ва озодињоро на танњо аз нигоњи њуќуќї, балки дар вобастагї бо сиёсат, ахлоќ, фалсафа ва дин мекушояд. Дар марњилањои гуногун њуќуќи инсон чун падидаи сиёсї - њуќуќї ё тобиши динї, ё ахлоќї ва ё фалсафї гирифта буд. Р. Касен, яке аз муаллифони Эъломияи умумии њуќуќи башар ва дорандаи љоизаи Нобелии сулњ зимни пешнињоди таърифи илми њуќуќи инсон онро « њамчун шохаи махсуси илмњои љамъиятшиносї, ки мавзўи омўзишашонро манзалати инсон ва муносибатњои инсонии барои ривољи шахсияти њар як кас зарурбуда ташил медињанд », маънидод намудааст. Ба ќавли яке аз тадќиќотчиёни машњур дар соњаи њуќуќ ва озодињои инсон, муаллифи яке аз аввалин китобњои дарсї оид ба њуќуќи инсон - К. Васак « илми њуќуќи инсон барои илмњои муосири љамъиятї њамон вазифаеро иљро менамояд, ки дар замони асримиёнагї илми фалсафа иљро менамуд, яъне он тамоми илмњоро муттањид сохта, бо он ѓанї мегардад, нисбати илмњои дигар пешбаранда буда, « илми илмњост ».

Л. Б. Назаров бо ќатъияти том илми њуќуќи инсонро эътироф намуда, мавзўи тадќиќоти онро маљмўи таълимот оид ба ќонуниятњои умумии пайдоиш ва инкишофи назария ва амалияи ин њуќуќњо мепиндорад. Ба андешаи вай њуќуќи инсон дар низоми илмњои њуќуќшиносї метавонад маќоми њамоњангсозандаро ишѓол намуда, барои њалли ќазияњои њуќуќи башар мусоидат намояд. Е. А. Лукашева фанни мазкурро « назарияи њуќуќи инсон » номида ќайд менамояд, ки : « Назарияи њуќуќи инсон њамчун илм ба омўзиши табиат ва моњияти ин зуњурот, тањаввул ва заминањои иљтимої, фалсафї, сиёсї ва динии ташаккули он равона гардидааст.» Аќидањои дар боло баёнгаштаро љамъбаст намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки њуќуќи инсон ин падидаи соф њуќуќї набуда, то ба андозае пањлуњои фалсафї, ахлоќї ва сиёсї низ доштааст. Рољеъ ба мавзўи ин илм Е. А. Лукашева ќайд мекунад, ки « Мавзўи фанни мазкурро яке аз олитарин арзишњои тамаддуни инсонї, яъне њуќуќи инсон ташкил медињад, ки дарбаргирандаи љабњањои мухталифи њаёти фардї ва љамъиятї аст.» А. Х. Саидов ба њуќуќњои умумиэътирофгаштаи инсон такя намуда, чунин менависад : « Фанни « Њуќуќи инсон » дорои мавзўи омўзиши худ буда, мабдаи омўзиши соњањои дигарро такрор намекунад. Дар доираи он њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, ќонуниятњои таърихии инкишофи онњо, тарзњои мувофиќгардонии онњо бо њуќуќи давлатњои мухталиф, масоили њалталаби њуќуќи инсон, механизмњои универсалї ва кафолати онњо, њамчунин омилњои иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва фарњангие, ки ба њуќуќ ва озодињои инсон таъсир доранд, омўхта мешаванд.»

Яке аз асосгузорони илми њуќуќи инсон Ф. М. Рудинский бошад, ба њайси мавзўи омўзиши илми њуќуќи инсон масоили зеринро дар назар дорад : Ќонуниятњои асосии пайдоиш ва инкишофи категорияи шаъну эътибор ва озодии инсон, њуќуќњои вай ва кафолатњои амалишавии онњо ; Меъёрњои њуќуќии мустањкамкунандаи ин њуќуќњо ва кафолати онњо ; Шарт ва омилњои иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва фарњангие, ки барои мављудияти ин гуна зуњуроти иљтимої мусоидат намудаанд ; Таълимоти сиёсї, фалсафї, њуќуќї ва ахлоќї оид ба њуќуќи инсон. Муаллифи васоити таълимии « Њуќуќи инсон ва механизмњои њимояи онњо » В. М. Капитсин, бар он назар аст, ки мавзўи њуќуќи инсонро њамчун илм муносибатњои љамъиятие ташкил медињанд, ки доир ба тањким, танзим, ва њимояи њуќуќ ва озодињои инсон ба миён меоянд.

Аз гуфтањои боло чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки рољеъ ба мавзўъ ва объекти омўзиши њуќуќи инсон андешањои мухталиф вуљуд доранд. Дар њар сурат њамаи аќидањои баёнгаштаро ба инобат гирифта, мо метавонем, тарзњои фањмиши мавзўи њуќуќи инсонро бо чунин тарз гурўњбандї созем : 1. Муносибати меъёрии фањмиши мавзўи њуќуќи инсон, ки ба меъёрњои њуќуќї ва муносибатњои њуќуќии марбут ба эътироф ва њимояи њуќуќи инсон такя менамояд. Аз ин нуќтаи назар мавзўи омўзиши њуќуќи инсонро бояд он меъёрњои њуќуќї ва муносибатњои њуќуќие ташкил дињанд, ки дар амалия воќеан вуљуд доранд ва ба њуќуќу озодињои инсон иртибот доранд. Яъне нуќтаи марказии ин равияро амалияи њуќуќи инсон ташкил медињад. В. М. Капитсин аз љумлаи намояндагони ин равия аст. 2. Муносибати арзишї. Аз ин нуќтаи назар объекти асосии омўзиши њуќуќи инсонро њуќуќ ва озодињои вай њамчун маљмуи арзишот ташкил медињад. Яъне чун мањаки асосї мањз арзишманд будани њуќуќ ва озодињои инсон дониста мешаванд. Вале ин арзишњо, чи дар назария ва чи дар асноди меъёрї ба пуррагї шакл нагирифтаанд. Олимон Е. А Лукашева, А. Н Головистикова ва Л. Ю. Грудсина бештар майл ба њамин муносибат доранд. 3. Муносибати универсалї. Азбаски њуќуќи инсон ин зуњуроти универсалї аст ва ба ѓайр аз масоили њуќуќї, боз пањлўњои иќтисодї, иљтимої ва сиёсию фарњангиро фаро мегирад, мавзўи омўзиши он низ бенињоят фаррох аст. Аз ин нуќтаи назар омилњои номбурда низ бояд мавзўи омўзиши њуќуќи инсонро ташкил дињанд. Ф. М. Рудинский, А. Саидов ва дигарон ин нуќтаи назарро љонибдорї менамоянд.

Маљмўи донишњое, ки даъвои мустаќилї менамоянд, барои њамчун илм шинохта шуданашон дар баробари доштани мавзўи мустаќили омўзиши худ, њамчунин бояд усулњои махсуси худро дошта бошанд. Ба ин талабот низ илми њуќуќи инсон љавоб мегўяд. Усулњои илми њуќуќи инсон гуфта, тарз ва воситањоеро меноманд, ки тавассути онњо воќеияти њуќуќи башар, принсипњое, ки илми њуќуќи инсон ба онњо такя менамоянд, омўхта мешаванд. Ба воситаи ин усулњо мафњуми њуќуќи инсон, хусусият ва аломатњои он, шакл ва тарзи мустањкамёбии меъёрии онњо њаматарафа тадќиќ мешаванд. Усулњои асосии илми њуќуќи инсон инњо ба шумор мераванд : 1. Усули низомнок, ки фањмиши илмии њуќуќ ва озодињои инсонро њамчун як љузъи том маънидод менамояд ; 2. Усули муќоисавї. Ба воситаи ин усул дар бештари мавридњо ќонунгузории миллї дар бахши њуќуќи инсон бо санадњои байналхалќї ќиёс карда шуда, хусусиятњои умумї ва фарќкунандаи онњо дарёфт карда мешавад ; 3. Усулњои мантиќї ба монанди индуксия, дедуксия, тањлил, тасниф ва ѓайра, ки барои дарки аќлии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд мусоидат менамоянд.