Мавз ӯ и 4. Таснифоти њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
Advertisements

Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Мавзу: Ҳoзирги зaмoн дунё сиёсий ва иқтисодий картаси. Дунё aҳoлиси гeoгрaфияси. Режа: 1. Дунё сиёсий ва иқтисодий картасининг аҳамияти, уни шаклланишининг.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
V-МАВЗУ: УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИНИНГ МИЛЛИЙ-ДАВЛАТ ВА МАЪМУРИЙ-ҲУДУДИЙ ТУЗИЛИШИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaсининг мaъмурий-ҳудудий тузилиши, унинг ҳуқуқий.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
VIII-МАВЗУ: УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИДА СУД ҲОКИМИЯТИНИНГ КОНСТИТУЦИЯВИЙ АСОСЛАРИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaсидa суд тизимининг кoнституциявий aсoслaри.
Qiziqarli geometriya МАВЗУ : БИР НУКТАДА КЕСИШУВЧИ КУЧЛАР СИСТЕМАСИ.
I-МАВЗУ: Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш ўқув курсининг мaқсaд вa вaзифaлaри Режa: 1.Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш курсининг.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 3. Мазмун ва моњияти њуќуќу озодињои инсон.
Мавзу: Куп машинали ва куп процессорли компьютер тизимлари.Флинн классификацияси. Суперкомпьютерлар ва улар архитектурасининг хусусиятлари. Режа: 1. Куп.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.
Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида. Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал.
Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.
Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 24. Њуќуќ ба манзил. Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи мазкур њамчун њуќуќи мустаќил дар ПБЊИИФ мустањкам нашудааст,
Мавзу: С++ да кўрсаткичлари ва иловалари. Массивлар. Маъруза режаси Хотирани динамик тақсимлаш. С++ да кўрсаткичлари. Адреслар арифметикаси. Массивлар.
МАВЗУ: Полиплоидия ва мутагенез. РЕЖА: 1.Полиплоидия типлари ва улар классификацияси 2.Полиплоидия дарахтлар селекцияси 3.Полиплоидия олиш усуллари 4.Гаплоидлар.
. УМИДЛИ КИМЁГАР – 2016 Мавзу: РАНГЛИ МЕТАЛЛАРНИ ХАЙДАШ ЖАРАЁНИДА ХЛОРЛОВЧИ ҚЎШИМЧАНИНГ АХАМИЯТИ ВА МИҚДОРИ. Научные руководители: И.Т.Бадельбаева, М.Бекмуратова.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 4. Таснифоти њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд

Тасниф – ќоидаи мантиќиест, ки дар доираи он чизу њодисањои људогона вобаста ба нишонањои асосї ба намуду гурўњњои муайян таќсим мешаванд. Конститутсияи ЉТ ва санадњои дигари байналхалќї намудњои гуногуни њуќуќ ва озодињои шахсро эълон намудаанд. Бо маќсади дарки амиќ ва њамбастагии онњо, таснифоти њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд лозим аст. Вале дар илми њуќуќи инсон таснифоти ягонаи ин њуќуќњо љой надорад. Аз ин рў, онњо вобаста ба асосњои гуногун тасниф мешаванд.

Вобаста ба замони пайдоиш ва инкишофашон њуќуќ ва озодињои инсонро аслан ба се насл људо менамоянд. Ин шакли таснифоторо аслан таснифоти генератсионї меноманд, ки тавассути он марњилањои асосии пайдоиш, шаклгирї ва инкишофи падидањои марбут ба эътироф ва њимояи њуќуќи инсон људо мегарданд. Вале доир ба ин масъала дар миёни олимон аќидаи ягона вуљуд надорад. Масалан, муаллифони китоби дарсии «Њуќуќи инсон» А.Н. Головистикова, Л.Ю. Грудсина чор насли њуќуќи инсонро људо сохтаанд. Аз нуќтаи назари онњо насли чоруми њуќуќњои инсон солњои 90-уми асри 20 рўи кор омад. Ќайд намудан ќобили таваљљўњ аст, ки доир ба номгўи њуќуќњое, ки дар ин айём ба миён омадаанд, низ назари ягона мављуд нест. Яке аз асосгузорони илми њуќуќи инсон –Рудинский Ф.М.ба ин насли њуќуќњои инсон – њуќуќњоеро, ки инсонро аз таљрибањо дар соњаи генетика нигоњ медоранд, дохил намудааст. Дмитриев Ю.А. ба насли чоруми њуќуќњои инсон њуќуќњои иттилоотї ва технологиро шомил намудааст. Венгеров А.Б. њуќуќњои насли чорумро – њуќуќњои инсоният номида ба зумраи онњо њуќуќ ба сулњ, њуќуќ ба рушд ва ѓ.-ро дохил кардааст. Мутахассисони барљастаи соња Е.А. Лукашева ва К. Васак бошанд, бо људо намудани танњо се насл иктифо намудаанд

Ба андешаи мо зимни тањлили њуќуќњои инсон аз лињози замони пайдоишашон бояд вазъи инъикосгардии онњо дар санадњои байналхалќї-њуќуќї ба инобат гирифта шавад. Дар чунин њолат мо ба хулосае омада метавонем, ки дар њар сурат њуќуќњои инсон аз се насл иборатанд. Вале таъкиди ин нуќтаи назар њаргиз маънои онро надорад, ки наслњои нави њуќуќи инсон ба миён намеомада бошад. Зеро муносибатњои љамъиятї дар бахши њуќуќи инсон бо суръати баланд инкишоф ёфта истодаанд ва дар ояндаи наздик эњтимолияти ба вуљуд омадани њуќуќњои наве сар мезанад, ки зарурати бањои њуќуќї гирифтанро таќозо мекунанд.

Њамин тавр њуќуќњои насли якум гуфта, он арзишњои анъанавии либериалиеро дар назар доранд, ки њангоми инќилобњои буржуазї шакл гирфитаанд ва минбаъд дар амалия ва ќонунгузории давлатњои демократї мустањкам гаштаанд. Сухан аслан дар бораи њуќуќњои шахсї (шањрвандї) ва сиёсї меравад. Њуќуќ ба озодии андеша, озодии виљдон ва эътиќоди динї, њуќуќи њар як шањрванд ба иштирок дар идораи давлатї, њуќуќ ба баробарї дар назди ќонун, њуќуќ ба њаёт, озодї ва амнияти шахсї, њуќуќ ба озодї аз дастгиркунии беасос, њуќуќ ба интихоб шудан ва интихоб намудан, њуќуќ ба баррасии парванда аз љониби суди мустаќил ва беѓараз ва ѓайра аз љумлаи њуќуќњои асосиеанд, ки ба ин насли њуќуќњо мансубият доранд. Ин њуќуќњо ба ќавле озодињои «негативї»-ро ифода мекунанд, яъне онњо давлатро вазифадор менамоянд, ки ба соњаи озодии шахсї дахолат накарда, шароитњои созгорро љињати иштироки шањрванд дар њаёти сиёсї таъмин намоянд.Њуќуќњои насли якум инъикоси худро дар Эъломияи умумии њуќуќи башар ва Паймони байналхалќї дар бораи њуќуќњои шахсї ва сиёсї дарёфтанд ва чун њуќуќњои људонопазир ва мањдуднопазир ном гирифтаанд.

Насли дуюми њуќуќи инсон дар чараёни муборизаи одамон барои бењтар кардани вазъи иќтисодї, иљтимої ва фарњангї (њуќуќњои позитивї) ба вуљуд омада, барои амалїгардонидани онњо фаъолияти ташкилї, ба наќшагирї ва дигар шаклњои фаъолияти давлати зарур аст. Њуќуќ ба мењнат ва интихоби озоди касб, њуќуќ ба таъминоти иљтимої, њуќуќ ба истироњат, њуќуќ ба гирифтани маълумот, њуќуќ ба иштирок дар њаёти фарњангии љамъият, њуќуќ ба њифзи модарї ва кўдак –насли дуюми њуќуќи инсон ба шумор меравад. Дар такомулёбии ин гурўњи њуќуќњо наќши ИЉШС хеле назаррас аст. Махсусан аз он замоне, ки аксарияти ин њуќуќњо дар Конститутсияи ин кишвар аз с мустањкам гардиданд. Њуќуќњои насли дуюм њарчанд дар охирњои а.XIX ва ибтидои а.XX ба миён омада бошанд, њам тањкими расмии худро баъди ќабули ЭУЊБ ва ПБЊИИ дарёфт намуданд.

Фарќияти асосии њуќуќњои насли якум аз насли дуюм дар он аст, ки барои амалигардонии насли якуми њуќуќњои инсон давлат бояд ба онњо дахолат накунад ва озодии онњоро кафолат дињад. Барои амалигардонї ва кафолати њуќуќњои насли дуюм бошад, фаќат дахолат накардан ба онњо кифоягї намекунад. Барои онњоро дар њаёт татбиќ намудан давлат бояд барномањои махсуси иљтимої ташкил намуда, фаъолияти њаматарафаи ташкилию хољагї барад, то ки њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии эълоншудаи инсон ва шањрвандро таъмин намояд. Дар давраи баъди љанги дуюми љањонї насли сеюми њуќуќи инсон ташаккул меёбад. Махсусияти ин насли њуќуќњои инсон дар он зоњир мегардад, ки онњо дастаљамъї буда, аз љониби љамъият ба амал бароварда мешавад. Њуќуќи халќ ба њаёти осоишта, ба тараќќиёт, њуќуќ ба муњити солими гирду атроф, њуќуќ ба истифодаи мероси миллї ва ѓ. Ба њамин нуќтаи назар монандро К. Васак пешбарї менамояд, ки тибќи он ба њуќуќњои насли сеюм танњо њуќуќњои дастаљамъї, ки асоси онњоро њамрайъии одамон ташкил медињад, дохил мешаванд. Олим њуќуќ ба инкишоф ва ё рушд, њуќуќ ба сулњ, соњибихтиёрї, њуќуќ ба худмуайянкунї ва ѓайраро ба зумраи њуќуќњои насли сеюм шомил донистааст.

2. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро вобаста ба соњањои асосии фаъолияти њаёти љамъиятї ба њуќуќу озодињои шахсї, сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангї чудо намудан мумкин аст. Њуќуќу озодињои шахсии инсон ва шањрванд озодии шахсиятро њамчун аъзои комилњуќуќи љомеаи шањрвандї таъмин намуда, ўро аз њама гуна дахолатњои ѓайриќонунї њимоя мекунад. Агар ба таври дигар баён намоем, њуќуќњои шахсї ва ё шањрвандї гуфта, маљмўи њуќуќ ва озодињои асосии табиї ва људонопазиреро дар назар доранд, ки ба инсон аз лањзаи таваллуд тааллуќ дошта ба мансубияти сиёсї-њуќуќии вай ба ин ва ё он давлат вобаста нестанд. Њуќуќњои шахсї ду аломати асосї доранд. Аввал ин, ки онњо ба шањрвандї вобаста намебошанд, яъне ба њама новобаста аз шањрвандии шахс мансубанд. Дуюм ин, ки онњо ба њама аз лањзаи таваллуд мутааллиќ мегарданд. Мањз њамин ду аломат моњияти ин гурўњи њуќуќњои инсонро ифода менамоянд.

Тибќи Сарќонуни ЉТ ба зумраи њуќуќњои шахсї инњо дохил карда мешаванд: - Њуќуќ ба њаёт; - озодї аз шиканља; - дахлнопазирии шахсият; - дахлнопазирии манзил; - њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти хусусї, сири шахсї ва оилавї, аз љумла мањрамияти мукотиба ва суњбатњои телефонї; - њуќуќи њар як кас ба озодии њаракат ва интихоби љои зист; - озодии андеша, виљдон ва эътиќоди динї; - њуќуќ ба њимояи судї;.

Њуќуќу озодињои сиёсї – ин чорањои имконпазири рафтори ќонунан таъминшудае мебошанд, ки озодии њаракати шањрвандонро дар иштироки корњои давлатї кафолат медињанд. Њуќуќу озодињои сиёсии инсон ва шањрванд дар фарќият аз њуќуќњои шахсї, на фаќат барои таъмини озодии шахсият равона шудаанд. Онњо њамчун кафолати ќонун ва њокимияти оммавї барои иштироки инсон дар њаёти сиёсї-иљтимоии давлат ва ба амал баровардани њокимияти давлатї баромад мекунанд. Одатан, њуќуќу озодињои сиёсї фаќат ба шањрвандон тааллуќ доранд. Яъне онњо ба мансубияти њуќуќии инсон ба ин ё он давлат вобастагї доранд. Њуќуќњои асосии сиёсї инњо ба шумор мераванд: - озодии сухан; - њуќуќ ба дастрасии иттилоот; - њуќуќ ба муттањидшавї; - њуќуќ ба ширкат ва баргузории маљлисњо, митингњо ва гирдињамоињои осоишта; - њуќуќи интихоб шудан ва интихоб намудан; - њуќуќи иштироки бевосита дар идораи корњои давлатї ва иштирок тавассути намояндагони худ.

Њуќуќу озодињои иќтисодии инсон як гурўњи алоњидаи њуќуќу озодињои ўро ташкил намуда, бо дигар њуќуќњои он алоќамандии зич дорад. Ин гурўњи њуќуќњо ба шахс имконият медињад, ки љињатњои асосии фаъолияти хољагидории худ-ро ро ихтиёрдорї намояд: њуќуќ ба моликият, мењнат, њуќуќи соњибкорї ва ѓ. Њуќуќњои иљтимої ба инсон сатњи сазовори зиндагї ва њифзи иљтимоиро таъмин менамояд: њуќуќ ба њифзи иљтимої, таъминоти нафаќа, хизматрасонии тиббї ва ѓ. Њуќуќњои фарњангї ба инсон имконияти ташаккули рўњиро кафолат дода, ба инсон иштирокчии пешравињои сиёсї, фарњангї ва иљтимої буданро таъмин менамояд: њуќуќ ба маълумот, њуќуќ ба дастрас намудани арзишњои фарњангї, њуќуќ ба озодона иштирок намудан дар њаёти фарњангии љомеа, њуќуќ ба эљодиёт, њуќуќ ба истифодаи натиљаи пешравињои илмї-техникї ва ѓ.

3. Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро вобаста ба њайати субъективї ва тарзи ба амал барориашон, ё ин ки сатњи фардикунонї ба њуќуќу озодињои фардї ва њуќуќу озодињои дастаљамъї људо намудан мумкин аст. Њуќуќњои фардї он њуќуќњое ба шумор мераванд, ки шахс дар алоњидагї имконияти мустаќилона амалї сохтани онњоро дорад. Яъне барои амалї сохтани ин њуќуќњо ширкати ашхоси дигар талаб карда намешавад. Масалан, њуќуќ ба њаёт, озодии сухан ва ѓ. Њуќуќњои дастаљамъї бошанд – аз љониби субъектњои зиёд амалї сохта мешавад. Зиёда аз ин дар сурати ба њам наомадани ин субъектњо шояд амалї гаштани онњо умуман номумкин бошад. Яъне њуќуќњои дастаљамї ташаббуси дастаљамъонаро таќозо менамоянд.

Зимнан, хотирнишон сохтан лозим аст, ки дар илми њуќуќи инсон роњи ягонаи муайяннамоии њуќуќњои дастаљамъї вуљуд надорад. Њамин тавр, як гурўњи олимон ба шумули њуќуќњои дастаљамъї њамчунин, њуќуќ ба корпартої, ширкат дар гирдињамоињо ва ѓ.-ро дохил намудаанд. Онњо аќидаи худро бо он асоснок менамоянд, ки ин њуќуќњо аз љониби одамон дар алоњидагї амалї шуда наметавонанд ва ширкати гурўњи одамонро талаб мекунанд.

Гурўњи дигари олимон бошанд, бар он назаранд, ки њуќуќњои дастаљамъї (њуќуќи халќ, миллат, љамъиятхо, ассотсиатсияњо) њуќуќњои табиї ба шумор намераванд, чунки онњо дар чараёни ба њам омадани манфиатњои ин ё он коллектив ташаккул меёбанд. Онњоро набояд њамчун љамъи њуќуќњои фардии шахсони аъзои ин ё он коллектив фањмид. Њуќуќњои коллективї хусусияти сифатан дигар доранд, ки аз маќсад ва манфиатњои ташкилоти коллективї бармеояд. Аммо њуќуќу озодињои коллективї набояд мухолифи њуќуќу озодињои шахсони алоњида бошанд, ба истиснои њолатњои вазъияти фавќулодда, ки њаёти халќ ё миллат дар зери хатар аст. Агар њуќуќњои коллективї њуќуќу озодињои фардии инсонро поймол кунанд, он гоњ маќсади љамъ омадани ин коллектив бояд ѓайрињуќуќї шуморида шавад. Њамин тавр, К. Васак ба њуќуќњои дастаљамъї њуќуќ ба сулњ, худмуайянкунї, озодї аз истисмори колониалї, муњити солими зист, мероси умумии инсоният ва њуќуќњои иттилоотиро дохил менамояд.

4. Вобаста ба сатњи универсалият ва мустањкамёбї дар санадњои конститутсионї ва байналхалќї-њуќуќї, њуќуќ ва озодињоро ба асосї ва муштаќ људо менамоянд. Њуќуќњои асосї гуфта, њуќуќњоеро меноманд, ки дар санадњои асосї ба мисли Сарќонун ва санадњои байналхалќї дарљ гардидаанд. Њуќуќњои муштаќ бошанд, аз њуќуќњои асосї бар меоянд ва онњо дар бештари мавридњо дар ќонунњо ва санадњои дигари меъёрї сабт мегарданд. Аслан, њуќуќњои асосии инсон ва шањрванд гуфта, њуќуќњои конститутсионии ўро меноманд. Яъне он њуќуќхоеро, ки конститутсияи давлати алоњида мустањкам намудааст. Аммо дар замони муосир, ки проблемаи њифзи њуќуќи инсон аз њудуди давлатњои алоњида баромадааст, зарурияти дар сатњи байналхалќї муќаррар намудани њуќуќњои асосии инсон ба вуљуд омадааст. Ин њуќуќњои асосии инсон дар санадњои муњими байналмиллалї инъикос ёфтаанд ва давлатњои алоњида наметавонанд ин нишондодњоро оиди њуќуќњои асосии инсон ва шањрванд вайрон кунанд. Ин маънои онро дорад, ки њуќуќи инсон объекти ваколатњои дохилии давлати алоњида набуда, онро љомеаи љањонї бо дарназардошти манфиати омма муайян намояд. Бинобар њамин њуќуќњои дар санадњои байналхалќї оид ба њуќуќи инсон мустањкамшуда низ дар баробари њуќуќњои конститутсионї њуќуќњои асосї мањсуб меёбанд. Ба хусус њуќуќњои асосие, ки дар Эъломияи умумии њуќуќи башар (1948с.), Конвенсияи Аврупої оид ба њифзи њуќуќи инсон ва озодињои асосии он (1950с.), Хартияи иљтимоии Аврупо (1961с.).

Њар як њуќуќи асосии дар ин санадњо мустањкамгардида бояд аз љониби давлатњои аъзои он эътироф гардад. Афзалияти меъёрњои санадњои њуќуќии байналхалќиро конститутсияи ЉТ низ эътироф кардааст. Бояд гуфт, ки муќаррар намудани як гурўњи њуќуќхо њамчун њуќуќњои асосї маънои онро надорад, ки дигар њуќуќњои инсон дуюмдараља бошанд ё барои њифзи онњо масъулияти камтар муќаррар шуда бошад. Њуќуќу озодињои асосї вазъи њуќуќии шахсро муайян менамоянд, ки онњо дигар њуќуќњои зиёди барои њаёти муътадили инсон зарурро ба вуљуд меоранд. Ин њуќуќњо барои њар як фард зарур буда, хагоми муносибат бо љамъият ва давлат лозиманд. Аз як њуќуќи асосї мумкин аст якчанд њуќуќњои дигар бароянд, ки онњоро њуќуќи муштаќ мегўянд. Масалан, м. 21 Эъломияи умумии њуќуќи башар муќаррар мекунад, ки њар як шахс њуќуќ дорад, дар идоракунии мамлакати худ бевосита ё ба воситаи намояндагони ба тариќи озод интихобкардаи худ иштирок намояд. Ин њуќуќи асосї аст, ки њуќуќњои дигарро ба вуљуд меорад. Ба монанди, њуќуќи иштирок дар худидора, њуќуќи пешнињоди номзади худ ба интихобот, њуќуќи бо ягон пешнињоди вобаста ба фаъолияти ў ба намояндаи худ мурољиат намудан ва ѓ.

5. Вобаста ба имконияти муваќќатан мањдуд намудан њуќуќ ва озодињои инсонро ба мутлаќ ва нисбї људо менамоянд. Њуќуќњои мутлаќ гуфта, њуќуќњоеро дар назар доранд, ки дар ягон маврид мањдуд карда намешаванд ва њељ њолате барои мањдуд намудани онњо боис гашта наметавонад. Санадњои муњими байналхалќї оид ба њуќуќи инсон танњо ду њуќуќеро људо кардааст, ки мутлаќ ба њисоб мераванд. Инњо озодї аз шиканља ва озодї аз ѓуломї мебошанд. Њамаи њуќуќњои дигар, ки мањдуд намудани онњо дар мавридњои истисної, аз љумла, њангоми ба вуќўъ омадани вазъияти фавќуллода имконпазиранд, њуќуќњои нисбї мебошанд.

6. Вобаста ба наќши давлат дар таъмини њуќуќ ва озодињо, њуќуќњои инсонро ба негативї ва позитивї људо менамоянд. Њуќуќњои негативиро муродифи истилоњи «озодї» эътироф намудан мумкин аст. Зеро он имкониятњоеро фаро мегирад, ки давлат онњоро муќаррар, кафолат ва њифз менамояд, аммо ба раванди иљроиши онњо дахолат намекунад. Яъне иљро намудан ва ё амалисозии онњо ба иродаи дорандаи њуќуќ вобаста аст. Масалан, озодии виљдон, озодии ташкили оила ва ѓ. Њуќуќњои позитивї бошанд, аз давлат таќозо менамоянд, ки таъмини онњоро ба зиммаи худ гирад. Яъне давлат бар замми муќаррар ва кафолат додани њуќуќњои позитивї, ба раванди иљроиши онњо таъсир низ мерасонад. Масалан, њуќуќ ба тањсил, њуќуќ ба интихобот ва ѓ.

7. Вобаста ба лањзаи ширкати давлат дар таъмини њуќуќ ва озодињо, њуќуќњои инсонро ба њуќуќњои тавсифи фавридошта ва њуќуќњои барномавї људо менамоянд. Он њуќуќњое, ки дар Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї (аз. С.1966) дарљ гардидаанд, њуќуќњои тавсифи фавридошта ба њисоб мераванд ва давлат вазифадор аст, ки аз лањзаи ба тасвиб расонидани ин санад, иљроиши фаврии онњоро таъмин намояд. Яъне њамаи њуќуќњои шахсї ва сиёсї њуќуќњои тавсифи фавридошта буда, бинобар сабаби талаб накардани маблаѓ ва харољоти иловагї аз давлат, таъмини фавриро талаб менамоянд. Њуќуќњои барномавї бошанд, он њуќуќњоеро меноманд, ки онњо дар Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї дарљ гардидаанд ва таъмини зина ба зинаро таќозо менамоянд. Барои таъмин намудани онњо давлат заминаи муайяни иќтисодї омода мекунад ва дар асоси тањияи барномањои дахлдор таъмини онњоро ба анљом мерасонад. Таснифоти њуќуќњои инсон вобаста ба асосњои дигар низ сурат мегирад, вале нишон додани њамин миќдор мањакњои таснифро барои дарки мазмун ва моњияти њуќуќњои алоњидаи инсон ва робита миёни онњо кифоя медонем.