Мавзӯи 11. Озодии мусофират ва интихоби мањалли зист.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзӯи 11. Озодии мусофират ва интихоби мањалли зист.
Advertisements

ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
Транксрипт:

Мавзӯи 11. Озодии мусофират ва интихоби мањалли зист

Њуќуќ ба озодии мусофират ва интихоби мањалли зист аз љумлаи њуќуќњои табиии инсон ва шањрванд ба шумор рафта, ихтиёрдории озодонаи хешро дар фазо ифода менамяод. Ин њуќуќ бинобар ањамияти муњим доштанаш дар санадњои асосии байналхалќї оид ба њуќуќи инсон мустањкам гардидааст. Масалан, дар м.13 ЭУЊБ гуфта мешавад, ки « њар инсон ба њаракати озодона ва сукунат дар њудуди њар давлат њаќ дорад ». Дар моддаи 12 ПБЊШС бошад, омадааст, ки :

Њар фарди дар ќаламрави давлат ба таври ќонунї ќарордошта, дар њудуди ин ќаламрав ба њаракати озодона ва интихоби озоди мањалли зист њаќ дорад. Њар як инсон њаќ дорад, ки њар кишвар, аз љумла, кишвари худро тарк намояд. Њуќуќи дар боло зикршуда наметавонад тањти њељ гуна мањдудият ќарор гирад, ба истиснои мањдудиятњое, ки барои њифзи амнияти давлат, тартиботи љамъиятї, саломатї, маънавиёт ё њуќуќ ва озодињои дигарон аз тарафи ќонун пешбинї шудаанд ва бо дигар њуќуќи дар њамин Паймон эътирофшуда мувофиќ мебошад. Њељ касро наметавон худсарона аз њуќуќи дохил шудан ба кишвари худ мањрум кард.

Моддаи мазкур пешбинї менамояд, ки њама ашхос ( шањрвандон ва хориљиён, њатто ашхосе, ки дар кишвар ѓайриќонунї муваќќатан истиќомат мекунанд ) метавонанд њудуди кишварро озодона тарк намоянд. Ин њуќуќ ба боздидњои кўтоњмуддат ва дарозмуддат ба хориља ва ба муњољират ( доимї ва муваќќатї ) татбиќ карда мешавад.

Сипас, моддаи 13 Паймон муќаррар менамояд, ки « Шањрванди хориљие, ки дар ќаламрави ягон давлати ширкаткунандаи њамин Паймон ба таври ќонунї ќарор дорад, метавонад танњо љињати иљрои ќароре, ки мутобиќи ќонун бароварда шудааст, хориљ карда шавад ва агар ќоидањои њатмии амнияти давлатї тартиби дигареро таќозо накунанд, њаќ дорад бар зидди хориљ намудани худ далел пешнињод кунад, барои таљдиди назар ва ё намояндагї карда шудани парвандаи ў аз тарафи маќоми босалоњият ё шахс ва ё шахсоне, ки махсус аз тарафи маќоми босалоњият таъйин шудаанд, сурат гирад »

Умуман, њуќуќ ба озодии мусофират яке аз њуќуќњои асосии инсон аст, ки аз тарзи дуруст амалї гаштани он амалигардии њуќуќњои дигар вобастагии зиёд дорад. Аз ин рў, чї давлати истиќоматї ва чї давлати миллї бояд аз пайи таъмини дахлдори он бошанд.