Мавз ӯ и 35. Њуќуќи зан. Њолати њуќуќии зан. Дар њамагуна љамъият ашхосе мављуданд, ки бинобар сабабњои гуногун имконияти њимоя намудани манфиатњои худро.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Advertisements

Њуљљатњои иттилоотию маълумотдињанда (2 соат). Хуљљатњои иттилоти- маълумотдињанда: маълумотномањо, арзномањо ва мактубчањои фањмондадињї, маълумотњо,
VII-МАВЗУ: УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИ ПРЕЗИДЕНТИ – ДАВЛАТ БОШЛИГИ Режa : 1. Ўзбекистoн Республикaсида Президентлик институтининг тaъсис этилиши. 2. Ўзбекистoн.
Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
Мавз ӯ и 35. Њуќуќи зан. Њолати њуќуќии зан. Дар њамагуна љамъият ашхосе мављуданд, ки бинобар сабабњои гуногун имконияти њимоя намудани манфиатњои худро.
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 35. Њуќуќи зан. Њолати њуќуќии зан

Дар њамагуна љамъият ашхосе мављуданд, ки бинобар сабабњои гуногун имконияти њимоя намудани манфиатњои худро надоранд, мањз барои њамин ба онњо бояд њимояи махсус татбиќ карда шавад, бояд чорањои иловагии роњ надодан ба вайронкунии њуќуќњои онњо андешади шавад. Яке аз чунин гурўњи одамон занњо мебошанд. Муборизаи онњо барои њуќуќњои баробар ва нотабъизї таърихи дурудароз дорад.

Њаракати мазкур гендер ном гирифтааст. Гендер – ин зуњуротест, ки табъизро аз рўи аломатњои љинсї инкор мекунад. Гендер мардон ва занонро аз рўи наќши иљтимоии онњо муайян мекунад. Ин њамон љинс (махсусияти биологии мардон ва занон) ва њамон зан нест. Гендер консепсияи вазифа, функсия ва мавќеи онњо, ки аз тарафи љамъият ба мардон ва занон дар њаёти љамъиятї ва шахсї таъин шудааст, муайян мекунад.

Наќшњои гендерї – рафтори азхудкардае, ки фаъолият, вазифа ва љавобгарии раднопазири њам мард ва њам занро ќайд мекунад. Наќшњои гендерї доимї нестанд, онњо њам дар доираи як маданият ва њам дар доираи чандин маданиятњо таѓйирёбанда ва гунонгунљабњаанд. Бо суханони дигар, наќш дар љомеа бо љинс пешакї муайян карда нашудааст, онњо бо сохтори љамъиятї, ки ё дастгирї ва ё баръакс, ќазияи адолати гендериро шадид мегардонад, иншо мегарданд. Љинс фарќияти биологии њаматарафа (универсалии)- и зану мард ба њисоб меравад. Фаќат фарќияти ночиз дар наќшњо метавонад ба фарќияти биологї (мисол, фаќат занњо ќобилияти кўдакзоиро доранд) мутаалиќ дониста шавад.

Гендер (gender-зот) – маљмўи хусусиятњои махсуси маданї, ки рафтори иљтимоии зану мард ва муносиботи мутаќобилаи байни онњоро муайян менамояд. Њамин тариќ, гендер на танњо ба марду зан, балки ба муносибати байни онњо ва тарзи тарњрезии иљтимоии ин муносибатњо тааллуќ дорад, яъне ба он, ки чи тавр љамъият ин муносибатњои мутаќобилаи љинсњоро дар љамъият «месозад». Аз сабаби он, ки гендер – ин мафњуме аст, ки муносиботи мутаќобиларо дар бар мегирад, истилоњи гендер бояд њам ба зан ва њам ба мард тааллуќ доша бошад. Ба монанди консепсия оид ба синфњо, нажод ва этникї мафњуми гендер олоти тањлилї барои дарки љараёнњои иљтимої мебошад. Гендер – ќисмати якљоякунандаи (интегралї) љараёнњои иљтимоию иќтисодї аст, на илова ба он.

Њамин тариќ, баробарии гендерї – ин њолати њуќуќии баробари зану мард ва имкониятњои баробари амаликунии он, ки ба ашхоси њарду љинс имкон медињад, имкониятњои потенсиалии худро ташаккул дињанд, тавоної ва таљрибаи иштирок дар љараёнњои сиёсї, иќтисодї ва фарњангї ва азонихудкунии дастовардњои он мебошад. Љомеи љањонї ба масъалаи таъмини баробарии зану мард ањамияти махсус медињад. Ќариб дар тамоми шартномањои байналхалќї оид ба њуќуќи инсон баробарии инсон аз рўї аломати љинсї ќайд мегардад. Ниг.: Гендерная стратегия Российской Федерации //Права женщин в России: законодательство и практика М., 2004.

Дар ПБЊШС оид ба ин масъала моддаи алоњида бахшида шудааст, ки дар он ќайд мешавад: «Давлатњои иштироккунандаи Ањдномаи мазкур ўњдадор мешаванд, ки ба занону мардон њуќуќи баробари истифодаи њамаи њуќуќњои шањрвандию сиёсии пешбининаудаи Ањдномаи мазкурро таъмин намоянд».

Дар сатњи байналхалќї дар њаракати њуќуќи зан ду марњиларо људо менамоянд. Якум – ин марњилаи мубориза бар зидди табъиз, ки бо ќабул гардидани Конвенсия оид ба рафъи њама гуна шаклњои табъиз нисбати занон ба мурод расидааст. Он табъиз дар соњаи њифзи саломатї ва маориф, муносибат аз тарафи љамъият, иштирок дар њаёти љамъиятї ва баробарии њуќуќ дар оиларо дар бар гирифтааст. Муќаррарот дар бораи таљовуз нисбати зан дар Созишнома мавчуд нест, аммо ин маънои онро надорад, ки меъёрњои Созишнома ба зўроварї нисбати зан пањн намегардад. Марњилаи дуюм солњои 1980 оѓоз ёфтааст. Дар ин ваќт масъалаи зўровари нисбати зан ва нуќтаи назар ба њуќуќи зан дар матни њимояи њуќуќи инсон ба мадди аввал баромад.

Дар њаракати байналхалќии занон ќуувае дида мешуд, ки имконияти амалан таъсир намудан ба маќомотњои њокимият, водор намудани онњо ба таѓйироти меъёрњои њуќуќ мувофиќи меъёри байналхалќиро доштанд. Ин марњила бо ќабул гардидани Эъломияи СММ дар бораи нест кардани зўроварї нисбати зан ва дар назди Шўрои СММ оид ба њуќуќи инсон таъсис додани маќоми Маърўзачии махсус оид ба масъалањои зўроварї нисбати зан шарафёб гардид.

Чї тавре дар боло ќайд гардид, дар Љумњурии Тољикистон ба масъалаи баробарии гендерї диќќати махсус дода мешавад. Дар Сарќонун (Конститутсия) муќаррароти махсус ќайд мешавад, ки тибќи он занону мардон дар Љумњурии Тољикистон дорои њуќуќњои баробар мебошанд. Њукумати Љумњурии Тољикистон бо сарварии Президенти ЉТ Эмомалї Рањмон як ќатор чорабинињоро амалї карда истодаанд, ки ба таъмини ин меёъри конститутсионї равона гардидааст. Алалхусус, Ќонуни ЉТ «Дар бораи кафолатњои давлатии баробарњуќуќии мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онњо» аз 1-уми марти соли 2005 ќабул карда шудааст.

Ќонуни мазкур муносибатњои оид ба таъмини кафолатњои конститутсионии баробарњуќуќии мардону занонро дар соњаи иљтимої, сиёсї, фарњангї ва дигар соњањо ба танзим медарорад, њуќуќпоймолкуниро аз рўи аломати љинсї пешгирї мекунад ва амалигардонии имкониятњои баробарњуќуќии онњоро муќаррар менамояд.

Њамчунин соли 1999 аз тарафи Президенти ЉТ РТ Эмомалї Рањмон Фармоиш «Дар бораи наќши зан дар љомеа» ба тасвиб расонида шудааст, ки дар асоси он Њукумати ЉТ барномаи давлатии «Самтњои асосии сиёсати давлати оид ба таъмини њуќуќу имкониятњои баробари мардон ва занон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои » ќабул карда шудааст. Яке аз вазифањои асосии барномаи мазкур таъмини њуќуќ ва кафолатњои занон, иштироки баробари мардон ва занон дар сатњи ќабули ќарор, иштироки бевоситаи онњо дар идоракунии давлатї, кафолати њифзи њуќуќњои шањрванд мебошад

Дар асоси њуљљатњои меъёрии дар Љумњурии Тољикистон ќабулгардида, амалигардии меъёрњои дар онњо мустањкамгардида рафта истода. Чунончї, духтарони ноњияњои алоњидаи љумњурї имконият доранд дар асоси квотаи президентї ба мактабњои олї дохил гарданд, то 30% мансабњои роњбарикунандаро занњо ишѓол намудаанд ва ѓайра.