Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Advertisements

Готовимся к ЕГЭ. Содержание 1. ФонетикаФонетика 2. ОрфоэпияОрфоэпия 3. Морфемика и словообразованиеМорфемика и словообразование 4. ЛексикаЛексика 5. Морфология.
gr1-gif
Кафедраи «Физика, экологияи саноатї ва фанњои муњандисї» МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СОҲАВЇ ВА ИДОРАИ ИННОВАТСИЯҲО ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ.
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Мавзу: Ҳoзирги зaмoн дунё сиёсий ва иқтисодий картаси. Дунё aҳoлиси гeoгрaфияси. Режа: 1. Дунё сиёсий ва иқтисодий картасининг аҳамияти, уни шаклланишининг.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 18 Мафњум ва моњияти њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии инсон.
Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида. Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал.
Мавзӯи 11. Озодии мусофират ва интихоби мањалли зист.
Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.
Мавз ӯ и 26. Њуќуќ ба тањсил. Тањсилот раванди маќсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, касб ва малакаи.
ДЕВОН-И ФЕРУЗШО Ҳ ИЙДАН ЎРИН ОЛГАН Ғ АЗАЛЛАР:МАТН ВА УНИНГ ШАР Ҳ И (Шар қ қ улёзмалари маркази фондидаги тошбосманусха асосида) Таълим йўналиши:
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
. УМИДЛИ КИМЁГАР – 2016 Мавзу: РАНГЛИ МЕТАЛЛАРНИ ХАЙДАШ ЖАРАЁНИДА ХЛОРЛОВЧИ ҚЎШИМЧАНИНГ АХАМИЯТИ ВА МИҚДОРИ. Научные руководители: И.Т.Бадельбаева, М.Бекмуратова.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.

Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон ва эътиќоди динї мебошад. Ин имконият чї барои диндорон ва чї барои атеистњою шаккокон неъмати бенињоят арзишманд аст. Озодии виљдон яке аз њуќуќњои асосии шахсии инсон буда, озодии шахсиятро аз њама гуна назорати идеологї, њуќуќи њар касро барои мустаќилона бањри худ интихоб кардани низоми арзишњои маънавї дар назар дорад.

Мазмуни «озодии виљдон» аз рўи маъно бо мафњуми «озодии афкор» хеле наздик буда, бисёр ваќт дар њамбастагї истифода мешавад. Озодии афкор ва виљдон њаљман назар ба «озодии эътиќод» хеле васеъ аст, зеро аввалан, доштани аќидањои атеистиро низ фаро гирифта, сониян, на танњо љанбаи динї, балки њамаи љанбањои њаёти зењнї ва маънавии инсонро ба худ шомил месозад. Озодии эътиќод имконияти ба таври инфиродї ё якљоя бо дигарон эътиќод овардан ба њар дин, озодона интихоб намудан, доштан ва пањн кардани эътиќоди динї ва тибќи он амал карданро фаро мегирад. Атеист – одамест, ки ба мављудияти њељ як ќувваи фавќуттабї боварї надорад.

Масъалањои марбут ба эътироф ва њимояи ин њуќуќњо аз љониби як ќатор санадњои байналхалќї ва дохилидавлатї, мавриди танзим ќарор гирифтаанд. Моддањои 18 ва 19 ЭУЊБ, м.19 ПБЊШС, Эъломия дар бораи рафъи њама гуна табъиз аз рўи эътиќод ва дин, Конститутсияи ЉТ ва ѓ, аз љумлаи чунин санадњо ба њисоб мераванд.

Барои ЉТ санади аз лињози њуќуќї нисбатан муњимтар м. 18 ПБЊШС ба шумор меравад, ки мазмуни ин њуќуќро ба таври зайл пешбинї намудааст: «1. Њар як инсон ба озодии фикр, виљдон ва дин њуќуќ дорад. Ин њуќуќ озодии пайравї ё ќабул кардани дин ё эътиќодро бо интихоби худ ва озодии дар алоњидагї ё якљоя бо дигарон ибодат, риояи амалї ва таълим доданро дар бар мегирад. 2.Њељ кас набояд тањти маљбуркунї ќарор дода шавад, ки ин амал озодии пайравї ё ќабул кардани дин ё эътиќодро мувофиќи интихобаш мањдуд месозад. 3. Озодии пайравї кардан ба дин ё эътиќод танњо ба андозае мањдуд карда мешавад, ки тавассути ќонун муќаррар гардидааст ва барои њифзи амният, тартибот, саломатї ва маънавиёти љамъиятї, њамчунин њуќуќ ва озодињои бунёдии дигар ашхос зарур аст. 4. Давлатњои иштироккунандаи њамин Паймон ўњдадор мешаванд, ки озодии волидайн ва дар њолатњои мувофиќ озодии сарпарастони ќонуниро дар мавриди таъмини тарбияи динї ва маънавии фарзандонашон мутобиќи аќидаи худ эњтиром кунанд.»

Њамин тавр, маълум мешавад, ки њуќуќи мазкур якчанд љабња доштааст: Њуќуќи эътиќод овардан ба њар дин; Њуќуќи ба љо овардани расму оинњои динї; Њуќуќи иваз кардани дин; Њуќуќи пањн кардани иттилоот дар бораи таълимоти динї; Њуќуќи гирифтани тањсилоти динї; Њуќуќи баамал баровардани фаъолияти хайру эњсонкорї; Њуќуќи ба амал баровардани фаъолияти динии фарњангї-маърифатї; Озодї аз табъиз аз рўи аломати динї.

Зимнан зарурият ба таъкид аст, ки озодии эътиќоди динї аз озодии виљдон бар меояд ва дуввумин намоиш додани эътиќоди динии худро низ фаро мегирад. «Намоишдињї» бошад, моњиятан хеле васеъ буда, ибодат намудан, иљрои расму оин ва маросимњои динї, бунёд намудани ибодатгоњњо, истифодаи таълимот ва ашёњои маросимї, ба љо овардани шартњои парњезкунї аз хўрок, пушидани либос ва кўлоњњои фарќкунанда ва истифодаи забони махсус, интихоб намудани пешвоёни динї ва рўњониён ва ѓ.-ро дар бар гирифта метавонад

Соли 1993 Кумитаи СММ оид ба м.18 ПБЊШС Тавзењот оид ба тартиботи умумї ќабул намуда, баъзе аз масъалањои марбут ба њуќуќи мазкурро ба таври иловагї равшан намуд. Кумита аз љумла, ќайд менамояд, ки моддаи 18 аќидањои теистї, ѓайритеистї ва атеистиро њимоя намуда, њуќуќи пайравї накардан ба њељ як дин ва аќидаро кафолат медињад. Њамчунин дар тавзењот муќаррар гаштааст, ки эълон шудани ин ва ё он дин ба сифати дини расмї ва ё давлатї њаргиз маънои мањдудияти озодии виљдон ва динро надорад. Вале ба таври махсус ќайд мегардад, ки дар чунин давлатњо бояд масъалаи рафъи табъиз аз рўи дин мавриди назорати ќатъї ќарор гирад.

Дар заминаи асноди асосии байналхалќї оид ба њуќуќи башар, ќонунгузории ЉТ њуќуќ ба озодии афкор, виљдон ва динро эътироф намуда, кафолат медињад. Аз љумла дар м. 26 Конститутсияи ЉТ омадааст, ки «Њар кас њаќ дорад, муносибати худро нисбат ба дин мустаќилона муайян намояд, алоњида ва ё якљоя бо дигарон динеро пайравї намояд ва ё пайравї накунад, дар маросим ва расму оинњои динї иштирок намояд»

Тањкими минбаъдаи худро ин њуќуќ дар Ќонуни ЉТ «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї» аз 26-уми марти с.2009 дарёфтааст. Дар таносуб аз дигар ќонунњои љумњурї ќонуни мазкур бо як дебочаи хеле пурмазмун омода гаштааст. Дар он аз љумла гуфта мешавад, ки «Бо эътироф ва тасдиќи њуќуќи њар кас ба озодии виљдон ва озодии пайравї ба дин, инчунин баробарии њама дар назди ќонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиќод, дар асоси он ки Љумњурии Тољикистон давлати дунявї аст, бо арзи эњтиром ва тањаммул ба тамоми дину мазњабњо,бо эътирофи наќши махсуси мазњаби њанафии дини ислом дар инкишофи фарњанги миллї ва њаёти маънавии халќи Тољикистон, Ќонуни мазкур ќабул карда мешавад.»

Дар ќонун њамчунин ба баъзе истилоњот таърифи расмї дода шудааст, ки овардани онњоро барои дарки пурраи масъалаи баррасишаванда мувофиќи маќсад мењисобем: - озодии виљдон – њуќуќи њар як инсон ва шањрванд барои ихтиёрї ва мустаќилона муайян намудани муносибати худ ба дин, ба танњої ва ё њамроњи дигарон пайравї кардан ва ё пайравї накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва таѓйир додани эътиќоди динї, инчунин баён намудан ва пањн кардани њама гуна эътиќоди марбут ба дин ва љањонбинии атеистї; - озодии пайравї ба дин – њуќуќи њар як инсон ва шањрванд барои озодона ва мустаќилона интихоб кардани ягон дин ва пайравї намудан ба он, иштирок дар ибодати динї, адои маросимњои динї ва таълими динї; - иттињодияи динї – иттињоди ихтиёрии пайравони як дин ба маќсади якљоя анљом додани ибодат ва маросимњои динї, таълими динї, инчунин пањн намудани эътиќоди динї. Аз ин бар меояд, ки ќонунгузории ЉТ масоили вобаста ба њуќуќ ба озодии виљдон ва эътиќоди диниро њамаљониба мавриди танзим ва кафолат ќарор додааст.