. Њуќуќи моликияти шахсї ва зењнї, њуќуќ ва озодињои молумулкї.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Advertisements

Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Одоби касбии хизматчии давлатї Њ.НУРИДДИНОВ Номзади илмњои таърих, дотсент Маќсади дарс: шиносидани шунавандагон бо талаботњои ахлоќї ва бо мундариљаю.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 27. Њуќуќи иштирок дар хаёти фарњангї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 3. Мазмун ва моњияти њуќуќу озодињои инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 18 Мафњум ва моњияти њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 22. Низоми њуќуќ ва озодињои иљтимоии шањрвандон.
Њуќуќ ба муттањидшавї, ки ба иштироки шањрвандон дар њаёти љамъиятї-сиёсї муносибати бевосита дорад, яке аз њуќуќњои муњими сиёсї ба њисоб меравад. Аз.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.
. Њуќуќи моликияти шахсї ва зењнї, њуќуќ ва озодињои молумулкї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 24. Њуќуќ ба манзил. Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи мазкур њамчун њуќуќи мустаќил дар ПБЊИИФ мустањкам нашудааст,
1.Aмнияти иттилоотӣ. 2. Hамудҳои таҳдидҳо иттилоотӣ. 3.Усулҳои ҳимояи иттилоот. 4.Хулоса. 5.Адабиётҳо. 1.Aмнияти иттилоотӣ. 2.Hамудҳои таҳдидҳо иттилоотӣ.
Наыш ва аьамияти фаъолияти оперативц- жустуж=ц дар ьалли вазифаьои мурофиаи жиноятц Донишгоьи давлатии ьуыуы, бизнес ва сиёсати Тожикистон Донишгоьи давлатии.
Транксрипт:

. Њуќуќи моликияти шахсї ва зењнї, њуќуќ ва озодињои молумулкї

Њуќуќи моликияти шахсї ва зењнї, њуќуќ ва озодињои молумулкї то андозае дар ЭУЊБ дар моддаи 17 мустањкам гардидааст, ки дар он ќайд мешавад: «1. Њар як инсон њуќуќ дорад худаш танњо ё якљоя бо дигарон моликият дошта бошад. 2. Њељ кас худсарона аз моликият бояд мањрум карда нашавад».

Чї хеле муаллифони китоби дарсии «Њуќуќи инсон дар Русияи муосир» М.М. Утяшев ва Л.М. Утяшева, ќайд менамоянд, «ин меъёрњо аз њама муњимтарин меъёри байналхалќї-њуќуќї, ки аз тарафи љомеаи љањонї дар шароити зиддияти давлатњои иттифоќи коммунистї ба њамагуна мустањкамкунии меъёрии њуќуќи моликияти шахсї ќабул шуда метавонист, мебошад. Ин ба онњо муяссар шуд, вале ПБЊИИФ аз танзими њуќуќии ин падидаи муњим барканор монд». (Яъне масоили марбут ба њуќуќ ба моликият аз љониби ин санад танзим нагаштааст)

Ин њолат маънои онро надорад, ки гурўњи зерини њуќуќњо муњим нестанд. Баръакс, њуќуќи моликият яке аз њуќуќњои муњими инсон ба шумор меравад. Дар њуќуќи мазкур тамоми фаъолияти иќтисодии њамаи давлатњо бунёд меёбад.

Дар моддаи 12 Сарќонун (Конститутсия)-и Љумњурии Тољикистон ќайд мешавад, ки асоси иќтисодиёти Тољикистонро шаклњои гуногуни моликият ташкил медињад. Идомаи мантиќии ин њуќуќ дар моддаи 32 Сарќонун (Конститутсия) дида мешавад, ки оварда шудааст: «Њар кас њаќ дорад соњиби моликият ва мерос бошад.

Њељ кас њаќ надорад њуќуќи шахсро ба моликият бекор ва мањдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эњтиёљоти љамъият фаќат дар асоси ќонун ва розигии соњиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад». Дар Сарќонун шаклњои гуногуни моликият мустањкам шудаанд, ба монанди, хусусї ва давлатї, ки мазмуни онњо дар Кодекси граждании ЉТ дода мешавад. Моликияти хусусї моликияти шањрвандон ё шахси њуќуќии ѓайридавлатї ё иттињодияњои онњо мебошад (ќ. 1 м. 237 КГЉТ).

Моликияти давлатї дар шакли моликияти љумњуриявї (аз хазинаи љумњуриявї ва молу мулке, ки мутобиќи санади ќонунї ба шахси њуќуќии давлатии љумњуриявї вобаста карда шудааст, иборат мебошад) ва коммуналї (аз хазинаи мањаллї ва молу мулке, ки мутобиќи санади ќонунї ба шахси њуќуќии коммуналї вобаста карда шудаанд, иборат мебошад) баромад мекунад. (моддаи 238 КГЉТ). Барои инсон аз њама муњим моликияти хусусї мебошад. Њуќуќ ба моликияти хусусї – ин њуќуќ ба моликият, ки ба давлат тааллуќ надорад, мебошад.

Бо кушодани мазмуни њуќуќи моликият Сарќонун се ѓояи асосиро мустањкам намудааст: Якум, ѓояи истифода, ихтиёрдорї ва дошатни бемонеаи молумулк (моликият)-и худ мустањкам шудааст. Дуюм, шартњои мањрум шудан аз моликият танзим гардидааст. Сеюм, эътирофи њуќуќи давлат ба назорати истифодаи моликият дар асоси манфиатњои умумї мављуд мебошад. Хуллас, ѓояи истифода, ихтиёрдорї ва дошатни бемонеаи молумулк (моликият)-и худ аз чї иборат аст? Масъалаи молумулкї он ваќт ба вуљуд меояд, ки шахс ба моликияти мушаххас даъво кунад, яъне ба он њуќуќ дошта бошад. Дар њуќуќшиносї њуќуќи моликият њамчун њуќуќи ашёї фањмида мешавад, ки ба молик имкон медињад хусусият ва самти истифодаи амволи ба ў тааллуќдоштаро бо амалї намудани њукморнии пурраи хољагидорї бар ин амвол, муайян намояд.

Мазмуни њуќуќи моликият ба воситаи ваколати сегона кушода мешавад: доштан, истифода ва ихтиёрдорї кардан. Доштан. Зери ваколати доштан имконияти бо ќонун асос-ёфтаи дар худ доштани амвол фањмида мешавад. Истифода. Ваколати истифода имконияти бо ќонун асосёфтаи истисмор, истифодаи хољагидорї ё дигар намуди истифода бо роњи аз он бардоштани самара ё истеъмоли он фањмида мешавад. Ихтиёрдорї. Ваколати ихтиёрдорї маънои имконияти шабењи муайян кардани таќдири њуќуќии амволро бо роњи таѓйир додани соњибї, њолат ё таъиноти он (бегонакунї тибќї шартнома, ба мерос гузоштан, нест кардан ва ѓайра) дорад».

Ин се љанба хусусияти имконияти истифода кардан, ихтиёрдорї намудан ва доштани амволро инъикос мекунад. Агар инсон аз имконияти амалї намудани њатто яке аз ваколатњои зерин мањрум гардад, ин њолат аз вайрон гардидани њуќуќи моликият шањодат медињад. Ба ѓайр аз ин, вайрон гардидани муќаррароти мазкур дар он ваќт низ љой дошта метавонад, агар шахс аз моликият ё амволи худ мањрум нашуда, аммо ба ў имконияти истифода намудани моликияти худ дода нашудааст, мисол, агар ба ў дар додани рўхсатнома (иљозатнома)-и махсус рад шуда бошад, ё бо дигар роњ чунин мањдудият аз чорањои ќонунї ё њукуматї барояд, ба маъное, ки умуман сухан дар бораи «истифодаи бемонеа» љой дошта натавонад.

Сарќонуни ЉТ ду ваколати њуќуќии муњими њуќуќи моликиятро муќаррар мекунад. Якум, њељ кас аз амволи худ мањрум шуда наметавонад, ба љуз аз бо њалномаи суд. Ин хусусан маънои онро дорад, ки маќомотњои давлатї њуќуќ надоранд, бо бањонаи маќсаднокии гуногун инсонро бар зидди иродаи ў аз моликият мањрум кунанд. Фаќат њалнома ё њукми суд, ки дар он мусодираи амвол пешбинї шудааст, асоси ќатъшавии маљбурии њуќуќи моликияти хусусї шуда метавонад. Дуюм, бегонакунии маљубрии амвол ба манфиатњои давлатї танњо бо шарти љуброни пешакї ва баробарарзиш амалї шуда метавонад.

Њифзи њуќуќи моликияти хусусї аз тарафи ќонунгузории љиноятї, гражданї, маъмурї ва ѓайра амалї карда мешавад. Кодекси љиноятии ЉТ, ба таври мисол, љавобгарии љиноятиро барои чунин љиноятњои зидди моликият ба монанди, дуздї, азонихудкунї, ќаллобї ва ѓайраро пешбинї мекунад. Кодекси гражданї асосњои ба вуљудої ва ќатъгардии њуќуќи моликият-ро муќаррар мекунад. Баробари ин ќайд кардан зарур аст, ки њимояи моликияти хусусї аз тарафи давлат танњо ба даромад ва амволи бо роњи ќонунї ба дастомадаи шањрвандон пањн мегардад.

Яке аз намудњои гуногуни моликиятро моликияти зењнї ташкил медињад. Моликияти зењнї ин њуќуќњои амволї ва (ё) ѓайриамволии шахсї нисбат ба натиљањои фаъолияти зењнї, воситањои фардикунонии иштирокчиёни ањдњои гражданї, фардикунонии мањсулот, корњо ё хизматрасонии иљрошаванда (воситањои фардикунонї) ва њамчунин объектњои дигари ба онњо баробаркардашуда мебошад. Њуќуќ ба моликияти зењнї - ин њуќуќ ба натиљаи фаъолияти аќлонї (зењнї) мебошад. Ба объектњои њуќуќи моликияти зењнї инњо дохил мешаванд: 1) натиљањои фаъолияти эљодии зењнї : -асарњои илмї, санъат ва адабиёт, аз љумла барномањо барои мошинњои электронии њисоббарор, барномањои компютерї ва маљмўи маълумот; -иљро намудан, фонограммањо, ташкили намоиши эфирї ё намоиши кабелї; -ихтироот, моделњои муфид, намунањои саноатї; -дастовардњои селексионї; -топологияи микросхемањои интегралї; -маълумоти дорои сирри хизматї ё тиљоратї. 2) воситањои фардикунонии иштирокчиёни ањдњои гражданї, молњо, корњо ва хизматрасонї: -номи фирмавї; -тамѓаи молї ва тамѓаи хизматрасонї; -номи мањалли истењсоли мол ва нишондоди истењсолї. 3) натиљањои дигари фаъолияти зењнї ва воситањои фардикунонии ба онњо баробаркардашуда, ки мутобиќи ќонунњо ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон њифз карда мешаванд.

«Дар фарќият аз мењнати љисмонї, ки натиљаи он одатан ашё аст, фаъолияти зењнї мењнати аќлони (фикронї, рўњї, эљодї)-и инсон дар соњаи илм, техника, адабиёт, санъат ва тарњрезии бадеї (дизайн) мебошад. Натиљаи фаъолияти зењниро мањусули дар шакли объективї ифодаёфтаи он ташкил медињад, ки вобаста ба хусусияти он асари илмї, адабї, санъат, ихтироот ё намунаи саноатї меномад». Њуќуќ ба моликияти зењнї - ин њуќуќи ба расмиятдарорандаи мансубият ва рељаи истифодаи неъматњои ѓайримоддї, ки натиљаи фаъолияти эљодї - асари илмї, адабиёт ва санъат, ихтироот ва модели судманд ва ѓайра гардидааст.