Мавзӯи 32. Мафњум ва мазмуни њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї. ЊУЌУЌИ ИНСОН.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Advertisements

ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.
Мавзӯи 32. Мафњум ва мазмуни њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї. ЊУЌУЌИ ИНСОН.
Транксрипт:

Мавзӯи 32. Мафњум ва мазмуни њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї. ЊУЌУЌИ ИНСОН

Мањфумњои асосї Мазмуни њуќуќии ѓояи худмуайянкунии халќњо. Аќидаи њуќуќи халќиятњо ба худмуайянкунї дар љањони муосир васеъ пањн шудааст. Он дар ду сарчашмаи « мустањками » њуќуќи байналхалќї расман эълон гардидааст Паймонњои байналхалќї дар бораи њуќуќњои инсон, ки соли 1966 ќабул шудаанд. Танзими њуќуќии он њамчунин дар бисёре аз эъломияњои Ассамблеяи Генералии СММ, њуљљатњои байнидавлатї ва ташкилотњои ѓайридавлатии байналхалќї мављуд аст. Дар рафти муноќишањои этникї ва њаракатњо барои соњибихтиёрї ба он зуд - зуд дархост мекунанд. Њамин тариќ, ин њуќуќ роњи зиёда аз дусадсоларо тай намуда, муњимияти зиёдеро касб намудааст.

Мањфумњои асосї Дар Конфронси Сан - Франсиско ИЉШС бо иќдоми ба Оинномаи СММ ворид намудани ѓояи худмуаянкунии халќњо баромад намудааст, ки он аз тарафи намояндагони Британияи Кабир, ИМА ва Хитой дастгирї ёфтааст. Дар натиља ин ѓоя ѓояи истисноии сиёсї буданро хотима дода, ба ѓояи мусбии њуќуќи байналхалќї мубаддал гардид ( моддаи 1 пар. 2 ва моддаи 55 пар. 1 Оинномаи СММ ). Дар Эъломия оид ба ѓояњои њуќуќи байналхалќї ( аз 24 октябрт соли 1970) мазмуни ѓояи мазкур ба чунин тарз кушода шудааст : Бинобар ѓояи баробарњуќуќї ва худмуайянкунии халќиятњо, ки дар Оинномаи СММ мустањкам шудаанд, њамаи халќиятњо њуќуќ доранд озодона бе мудохилаи беруна мавќеи сиёсии худро муайян кунанд ва ташаккули иќтисодї, иљтимої ва фарњангии худро амалї намоянд ва њар як давлат дар асоси муќаррароти Оиннома онро эњтиром намоянд. Дар њамин эъломия гуфта мешавад, ки тарзи амалї намудани њуќуќи худмуайянкунї « ташкили давлати соњибихтиёр ва мустаќил, њамроњшавии озодона ба давлати мустаќил ё якљояшавї бо он ё муќаррар намудани дигар њолати сиёсї » шуда метавонад.

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи халќиятњо ба худмуайянкунї яке аз њуќуќњои асосии инсон ба шумор меравад. Дар Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ва Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї аз 19 декабри соли 1966 ( моддаи 1) гуфта шудааст : Њамаи халќиятњо ба худмуайянкунї њуќуќ доранд. Бо ин њуќуќ онњо метавонанд озодона мавќеи сиёсии худро муайян кунанд ва ташаккули иќтисодї, иљтимої ва фарњангии худро амалї намоянд... Њамаи давлатњои иштирокчии ин Паймон бояд дар асоси муќаррароти Оинномаи СММ амалигардии њуќуќ ба худмуайнкуниро њавасманд гардонанд ва ин њуќуќро эњтиром кунанд.

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њамин тариќ, илова ба доираи васеи њуќуќњои инфиродии инсон, Паймон њимояи њуќуќи « њамаи халќиятњоро » ба худмуайнкунї кафолат медињад. Ин муќаррарот аз се банди ба љанбањои гуногуни худмуайянкуни тааллуќдошта иборат аст. Дар банди 1 њуќуќ ба худмуайянкунї ва љанбањои асосии он эълон мешавад : њуќуќи њамаи халќиятњо оид ба озодона муайян кардани њолати сиёсии худ ( љанбаи сиёсї ) ва њуќуќи озодона таъмин намудани « ташаккули иќтисодї, иљтимої ва фарњангии худ ( љанбаи вобаста ба захирањо ). Љанбаи сиёсї дар навбати худ аз унсури берунаи соњибихтиёрї ва унсури дохилии идоракунї иборат аст, ки бо моддаи 25 ПБЊШС, ки дорои талабот оид ба идоракунии демократї мебошад, пайваст намудан мумкин аст. Кумита баъзе ваќт ин алоќамандиро дар Тавзењоти хотимавии худ ќайд мекунад. Мисол : « Кумита ташвишомезона ќайд менамояд, ки халќи конголез бинобар сабаби ба таъхир мондани интихоботи умумї имконияти амалї намудани њуќуќњои худ оид ба худмуайянкуниро тибќи моддаи 1 Паймон пайдо накарданд ва шањрвандони конголез аз имконияти иштирок дар пешбурди корњои давлатї тибќи моддаи 25 Паймон мањрум гардиданд ».

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Тибќи меъёрњои њуќуќи байналхалќї, бо њуќуќи халќ ба худмуайянкунї ба таври автоматї њуќуќи баромадан ( додани статуси давлат )- ро ба њар як гурўњ, ки њамчун халќияти алоњида банду баст шавад, ба вуљуд намеорад. Дар банди 2 моддаи 1 љанбаи вобаста ба захирањо ба воситаи эълони њуќуќи њамаи халќњо ба озодона ихтиёрдорї намудани бойигарї ва захирањои табии, ташккули минбаъда ёфтааст. Ба њамин банд, махсусан, ба љумлаи охирини он, ки тибќи он халќ аз воситањои шахсии мављудияти худ мањрум шуда наметавонад, гурўњњои зиёди худро халќиятњои тањљойии алоњида эълонкунанда, ки дар он љо дигар гурўњњои этникї, одатан баромади аврупої, њолати њукмронро соњиб мешуданд, ба он такя мекарданд. Истилоњи халќ дар моддаи 1 ё дигар муќаррароти Паймон муайян нашудааст. Мувофиќан, Паймон имкон медињад, шарњи гуногун оид ба он, ки њамаи ањолии давлат - иштирокчї « халќ »- ро ба мазмуни моддаи 1 медињад ё не, ё аќќалан дар баъзе давлат - иштирокчиёни Паймон якчанд халќиятњои алоњида мављуданд, љой дошта бошад. Эълони Кумита оиди тавзењоти хотимавии баќарибї ќабулшуда аз рўи њисоботи давлатњо, ки дар онњо гурўњњои тањљойи мављуданд, фањмиши онро, ки њадди аќал баъзе гурўњњои тањљойиро њамчун « халќ » ба мазмуни моддаи 1 банду баст намудан мумкин аст, инъикос менамояд.

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Ба алоќамандии миёни њуќуќ ба худмуайянкунї ва њуќуќи инсон дар Ќатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ зери унвонии « Амалигардии умумии њуќуќи халќиятњо ба худмуайянкунї » (1994) ањамият дода шудааст ва дар онљо ќайд мешавад, ки амалигардии њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї « шарти асосии таъмини самаранок ва риояи њуќуќи инсон » мебошад. Ќайд кардан зарур аст, ки Суди байналхалќии СММ умуман дар як ќатор њалномањои худ гуфтор дар бораи он, ки ѓояи худмуайянкунї « яке аз ѓояњои асосии њуќуќи байналхалќии муосир » ( Мисол, ќарори Суди СММ аз рўи парвандаи Тимори Шарќї ) аст, тасдиќ намуд.

Мазмуни мухтасари њуќуќи халќњо Пас чї гуна аст мазмуни мухтасари њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї ? Пеш аз он, ки ба ин савол љавоб дињем, бояд ба назар гирем, ки ин њуќуќ дар аз се як шакл ифода меёбад : 1) маќоми мухторият дар доираи давлати мављуда ( яъне ба халќи муайян таъмин намудани намояндагии мувофиќ дар маќомотњои марказии њокимияти давлатї баробар ба ањолии тамоми мамлакат ); 2) таъсиси давлати алоњида ; 3) аз њайати давлате, ки халќи мазкур ба он дохил мешавад, баромадан. Воситањои амалигардонии њуќуќи халќ ба худмуайянкунї таъсиси давлати соњибихтиёр ва мустаќил, њамроњшавии озод бо давлати мустаќил ва муттањидшавї бо он ё муќаррар кардани ваъзи сиёсии дигари озоди аз тарафи халќ муайяншуда мебошад.

Мазмуни мухтасари њуќуќи халќњо Баробари ин ањамияти муњими ѓоявї дорад, ки њуќуќ ба худмуайянкунї озодии интихоб дар байни ин се имкониятњоро дар назар дорад. Бе чунин озодии интихоб дар бораи њуќуќи воќеии халќ ба худмуаяйнкунї сухан кардан имконият надорад. Мањз дар њамин мањак моњияти воќеии ѓояи худмуайянкунии халќ зоњир мегардад. Дар асоси ѓояи баробарњуќуќї ва худмуайянкунии халќиятњо њамаи халќиятњо њуќуќ доранд озодона бе мудохилаи беруна мавќеи сиёсии худро муайян кунанд ва ташаккули иќтисодї, иљтимої ва фарњангии худро амалї намоянд ва њар як давлат дар асоси муќаррароти Оинномаи СММ ин њуќуќњоро эњтиром намоянд. Њар як давлат ўњдадор аст, ба воситаи амалњои муштарак ва мустаќилона дар амалї намудани ѓояи баробарњуќуќї ва худмуайянкунии халќњо мусоидат намояд. Њар як давлат бояд аз њама гуна амалњои таљовузкорона, ки халќњоро аз њуќуќашон ба худмуайянкунї, озодї ва истиќлолият мањрум мекунад, худдорї намояд.

Мазмуни мухтасари њуќуќи халќњо Асоси њуќуќии њуќуќи миллат ва халќњо ба худмуайянкуниро соњибихтиёрии миллии ба онњо хос ташкил медињад, ки маънои амалигардонии њар як миллат њуќуќи худ ба мустаќилият ва мављудияти мустаќил, њам аз нуќтаи назари сиёсї, њам аз нуќтаи назари инкишофи озод ва њаматарафаи тамоми дигар соњањои њаёти љамъиятиро дорад.