Мавзӯи 1. Моҳият ва асосҳои ташкилии бозори байналхалқии қоғазҳои қимматнок. 1.Низоми сезинагии молиякунонии иқтисодиёт 2.Бозори коғазҳои қимматнок ва.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Advertisements

Мавзўи: « Мафњум ва моњияти њуќуќ». Муллоев Д.М..
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї Муаррифот оид ба мавзўи « Маќоми давлат дар.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 27. Њуќуќи иштирок дар хаёти фарњангї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 3. Мазмун ва моњияти њуќуќу озодињои инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 18 Мафњум ва моњияти њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии инсон.
Мавз ӯ и 6. Мафњуми њуќуќњои шахсї. Њуќуќ ба њаёт.
Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї.
Мавз ӯ и 1. Мафњуми мавзўи њуќуќи инсон ва илми њуќуќи инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 22. Низоми њуќуќ ва озодињои иљтимоии шањрвандон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 20. Озодии фаъолияти соњибкорї ва иќтисодї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.
Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида. Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал.
Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
Мавзӯи 25. Њуќуќ ба њифзи саломатї ва ёрии тиббї.
Мавзӯи 1. Моҳият ва асосҳои ташкилии бозори байналхалқии қоғазҳои қимматнок. 1.Низоми сезинагии молиякунонии иқтисодиёт 2.Бозори коғазҳои қимматнок ва.
Транксрипт:

Мавзӯи 1. Моҳият ва асосҳои ташкилии бозори байналхалқии қоғазҳои қимматнок. 1.Низоми сезинагии молиякунонии иқтисодиёт 2.Бозори коғазҳои қимматнок ва сохтори он 3. Тмаоюлҳои инкишофи ББҚҚ

Низоми сезинагии молиякунонии иқтисодиёт Дар назарияи иқтисодии олимони ғарб модели иқтисодиёти бозори васеъ истифода мешавад, ки гардиши даромадҳо ва маҳсулотро нишон нишон медиҳад. Мутобиқи ин модел макроиқтисодиёт аз хоҷагиҳои хонагӣ ва корхонаҳо иборат мебошад, бозори захираҳо ва маҳсулотҳоро ба хам муттаҳид менамояд.

Дар чунин низоми иқтисодӣ хоҷагиҳои хонагӣ ва фирмаҳо бо ду гурруҳи бозор алоқаманд мебошанд: Бозори захираҳо, ки дар он хоҷагиҳои хонагӣ захираҳоро пешниҳод менамоянд ва фирмаҳо барои ташкили истеҳсолот захираҳои заруриро ба даст меоранд; Бозори маҳсулот, ки дар он хоҷагиҳои хонагӣ моллҳо ва хизматҳои истеҳсолшудаи фирмаҳоро мехаранд.

Дар низоми иқтисодии оддӣ хоҷагиҳои хонагӣ ҳамаи даромадҳои бадастовардашударо барои молҳои истемолӣ сарф мекунанд ва даромади фирмаҳо ббошад фақат барои азнавистехсолот сафр карда мешавад. Дар чунин ҳолат нақши бозори молиявӣ ва бозори коғазҳои қимматнок ба назар намерасад.

Дар шароити муосири иқтисодиёти бозорӣ афзоиши харочотҳои хоҷагиҳои хонагӣ нисбат ба даромади онҳо камтар ба назар мерсанд, аз ин ру барои хоҷагиҳои хонаги имконияти пасандоз кардан пайдо мешавад.

Шаклҳои асосии пасандоз: Андухти пулҳои нақд; Амонат гузоштан дар муассисаҳои қарзӣ; Ба даст овардани коғазҳои қимматнок.

Бозори КК- ҳамчун элементи бозори молиявӣ буда, маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиро оид ба барориш ва мубодилаи КК- ро мефаҳмонад, ки механизмҳо, институтҳо ва воситаҳоро барои барои ҷалби инвеститсия ба иқтисодиёт бо роҳи барқарор намудани муносибатҳои иқтисодӣ байни сармоягузорон ва харидорони сармоя истифода мекунанд.

Асоси бозори КК ва дигар бозорҳоро талабот ва пешниҳод, инчунин мувозинати нарх дар онҳо ташкил мекунад.

Вазифаҳои асосии БКК инҳо мебошанд: Вазифаи тақсимотӣ, яъне ҳаркати сармояро аз як соҳа ва ҳудуд ба дигар таъмин менамояд; Вазифаи рупуш кардани дефиқити буҷети соҳаҳои гуногун; Вазифаи азнавтақсимкунии ҳуқуқи моликиятдорӣ дар асосӣ ба даст овардан покати КК; Вазифаи даромаднокӣ, ба даст овардан даромадро аз амалиёт бо қогазҳои қиматнок, аз он ҷумла амалиёти ҳанноти бо онҳоро таҳмин менамояд; Азнавтақсимкунии тавакалиятҳо дар бозорҳои фондӣ ва дигар бозорҳо (хечеркунӣ); Вазифаи иттилоотӣ.

Тамоюлҳои асосии БКК –и муосир дар давлатҳои таракикардаи саноатиӯӣ дар марҳилаи муосир инҳо мебошанд: Тамарказонӣ ва мутамарказонии сармоя; Байналмилалигардонӣ ва умумибашаригардонии бозор; Баланд бардоштани сатҳи ташкилӣ ва мустаҳкамгардонии назорати давлатӣ; Компютерикунонии БКК Навоварӣ дар бозор; Секюритизатсия; Баромадан ба дигар бозорҳои сармоя;

Тамарказонӣ ва мутамарказонии сармоя Тамоюл ба марказонӣ ва тамарказонии сармоя дорои ду ҷабҳа нисбати бозори коғазҳои қимматнок мебошад. Аз як тараф ба бозор ҳамаи иштирокчиёни нав ҷалбкарда мешаванд, ки ин фаъолият барои онҳо асосӣ, яъне касбӣ мебошад ва аз тарафи дигар – ҷараёни ҷудо намудани бозорҳои калони касбӣ дар асоси зиёд гардондани сармояи онҳо (конқентратсия) сурат мегирад ва инчунин бо роҳи ҳамҷоя намудани онҳо ба сохтори калони бозори коғазҳои киматнок (марказонӣ) ташкил карда мешавад. Дар натиҷа дар бозори фондӣ низомҳои тиҷоратӣ ба монанди НАСДАК ё ин ки дигар ташкилкунандагони бозор ва инчунин ширкатҳои машҳури фонди пайдо мешаванд, ки ҳиссаи калони амалиётҳоро дар бозор хизмат мекунанд.

Фаромилаликунонии БКК онро ифода мекунад. Фаромилаликунонии БКК онро ифода мекунад, ки сармояи миллӣ ҳудуди давлатро мегузарад ва бозори коғазҳои қиматноки ҷаҳониро ташкил медиҳад ва дар ин ҳолат бозори милли ба сифати бозори дуюмдараҷа баромад мекунад. Сармоягузор аз дилхоҳ давлат имконият пайдо мекунад, ки воситаҳои озоди худро дар коғазҳои қимматноки дар дигар давлат мубодилашаванд гузорад.

Дар ин ҳолат БКК характери глобалиро мегирад. Бозорҳои милли –инҳо қисми таркибии бозори коғазҳои қимматноки глобалии ҷаҳонӣ мебошанд. Тиҷорат дар бозори глобалии ҷаҳонӣ бетанафус ва дар ҳама ҷо амали гардонда мешавад. Асоси онро коғазҳои қиматноки ширкатҳои фаромиллалӣ ташкил медиҳанд.