Сугд дар арафаи истилои араб Ахбори умуми: Сугд яке аз вилоятхои кадимтарини ориёнишин- точикнишин аст. Дар Авесто бо номи Гава Сугд зикр ёфтааст. Гуё

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Сугд дар арафаи истилои араб Ахбори умуми: Сугд яке аз вилоятхои кадимтарини ориёнишин- точикнишин аст. Дар Авесто бо номи Гава Сугд зикр ёфтааст. Гуё
Advertisements

Транксрипт:

Сугд дар арафаи истилои араб Ахбори умуми: Сугд яке аз вилоятхои кадимтарини ориёнишин- точикнишин аст. Дар Авесто бо номи Гава Сугд зикр ёфтааст. Гуё Худованд аввалин хайвон-Говмардро дар ин сарзамин офарида буд. Маънои калимаи сугд рушнои аст. Худуди он дар кадим аз руди Ому ибтидо гирифта, дар шарк хамаи вилоятхои кишоварзии Фаргона ва Чочро дар бар мегирифт. Сайёхи чинои Хаютаснак, ки соли629 ба Сугд омада буд, менависад, ки марзи шаркии он аз руди Чу ва гарбии он дарвозаи оханин-куххои Бойсун аст, яъне ба Сугд вилоятхои кунунии Чимкенту Чамбули Казокистон, Киргизистон, вилоятхои Тошканд, Фаргона, Намангон, Сирдарё, Самарканду Бухоро ва Кашкадарёи Узбекистон ва вилояти Сугди Точикистон ворид мешуданд. Шохи Сугд унвони ихшидро дошт,ки маънояш шохи шохон аст. Ихшиди Сугд сохиби Самарканд ба хисоб мерафт ва ба у ба тарики,,ихшиди Сугд ва,,шохи Самарканд мурочиат менамуданд..

Кишоварзи Тахлили сарчашмахои хатти гувохи медихад,ки Сугд дар замони Хайтолиён мустакил буда. Хамчун давлати алохида равнак меёфт. Тадкикоти бостоншиноси дар нохияхои Сугд, Фаргона, Истаравшану Чоч нишон доданд,ки дар асрхои 5-8 садхо канал, чуй ва корезхо амал мекарданд ва аз оби онхо барои кишт, богот ва алафзорхо истифода мебурданд. Дар ин давра гандум, чав, мош, бокло. нахуд, мушунг, арзан, наск, шоли, пахта, пиёз, лаблабу, зардак, каду, харбуза, тарбуз, даххо намуди зардолу, тут, шафтолу, себ, чормагз, олу ва гайра мепарвариданд. Кишоварзон аз 1 гектар замини оби то 60 сентенер галла меруёниданд, ки кисмеро барои озука ва тухми мегузоштанд ва юокимондаро ба бозор мебароварданд. Мева чунон фаровон буд, ки онро ба хайвонот медоданд. Хар деха мувофики замину об ва обу хавояш махсулоти кишоварзи меруёнд ва ба давлат гандум, чав, арзан, меваи хушк, ангур, май ва гайра андоз медод. Гандум, чав ва умуман галладонаро дар осиёбхо орд мекарданд. Дар байни хуччатхои сугди дастхате дар бораи ба ичора додани осиёбхо накл мекунанд.

Деворнигорахо аз касри шохони Истаравшан ш. Бунчакат.

Хунарманди Тахкики ёфтаи бостоншиносон ва деворнигорахои касрхо далели онанд, ки хунарманди хеле тараки карда буд. Сугдиён фаъолтарин мардуми точик буданд ва онхо аз замонхои хеле кадим маъданхои кухсори Буттамонро истихроч карда, аз онхо мис, тилло, нукра, охан ва гаёраро мегирифтанд. Бинобвр ин, дар ончо мисгари, заргари, охангари хеле равнак ёфта буд. Бостоншиносон конхои истехсоли тилло, нукра, охан ва мисро дар кухистони сугд, Фаргона, Истаравшан кашф карданд. Корхонахои калони силохсози амал мекарданд,ки дар онхо даххо одамон-мутахассисон машгул буданд. Ин одат дар хамаи сохахои хунарманди- мисгари, охангари, заргари, силохсози, кулолгари, бофандаги, чармгари, кандакори ва гайра амал мекард.

Бокимондаи чавшан;асои рамзи се оташи мукаддас

Савдои байналхалки Сугдиёнро В.В.бартолд финикиёни Шарк номидааст. Аз таърихи дунёи кадим медонем,ки финикихо аввалин савдогарони бахри Миёназамин буданд. Онхо ихтироъкунандагони хисоб ва алифбои ороми ба хисоб мераванд. Сугдихо кашшофони Рохи тичоратии Абрешим буда, то Мугулистон, шарки Дур ва хатто Япония рафтаанд. Онхо ба туркон хондан ва навиштанро омузонидаанд. Дар асоси алифбои сугди барои туркон, мувофики хусусиятхои забони онхо, алифбо тартиб додаанд. Дар муомилоти байналхалки сиккахои тилло ва нукра мувофики вазн истифода мешуданд. Тангахои тиллоро динор ва нукраро дирхам мегуфтанд. Дар дохили хар вилоят дар муомилот тангахои мисин ва байни вилоятхо дирхамро истифода мебурдан.

Намуди дарунии толори Панчакати кадим

Ёдгорихои маздаясноии Бухоро

Кушки бухорхудотхо дар Варахша. Дар асри 8

Накшаи ш. Бухорои асри8